Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
гурехта буд, хуш карда ба занӣ гирифт. Ва ҳамчунон як гурӯҳ афсарони полки мусулмонӣ низ аз ҳисоби чунин тортукҳо, ба гуфти худашон, тааллуқдор шуданд.
Ниҳоят рӯзи шанбе қӯшун аз паси амир раҳсипор шуд. Пулҳои вайронкардаро таъмир кардан лозим буд. Дар Норак шаҳ нашр бойҳоро даст баста оварда дар тавилаи паҳлӯи бошишгоҳашон буда маҳкам кардаанд. Хонаҳошонро канда, болорҳои дарозро оварда баҳри пулсозӣ истифода карданд. Дар се рӯз пули беҳтар аз пештара сохтанд.
Бегоҳирӯз ҳангоми говгун Пётр ба қазои ҳоҷат баромаду дид, ки Руднев бойҳои дар тавила маҳкамкардаро дар задан аст. Аз зарби қамчин асирҳо сару рӯҳо кафидаю хун меоқад.
– Ба чӣ сабаб инҳоро мезанӣ?! – Пётр ба силтав қамчинро аз дасти Руднев кашида гирифт.
– Мебинам чойники ротро гирифта дар таҳораткуниаст,- хабар дод Руднев.
- Боз инаш ба ман зӯрӣ кардани шуд, - гуфта марди мӯйлабу чашмони зебо доштаро ба лағаташ задан гирифт.
– Дастбастаро, ҳар кас ҳам мезанад! - Пётр ба ғазаб Рудневро берун тела карда пӯписа кард: - Дигар ба инҳо даст расонданатро набинам!
Руднев вақти хоб бурутакиро паси тавила бурд ба оғиле, ки холӣ буд дароварда шамшер зада кушт.
Лекин дар сохтани пуле, ки аз тарафи Лақай ба Қурғонтеппа мерафт ва онро Пули Сангин мегуфтанд, ҳашт рӯз ҷонканӣ карданд. Ин ҷо дарёи Вахш хеле паҳноб буд. Ва ҳам айёми обхезӣ шурӯъ шуда буд.
Дар роҳи байни Фархору Кӯлоб старшина Руднев захмӣ шуд. Воқеа чунин сурат мегирад. Загорский панҷ нафарро ба сифати талоя (дозор) равон мекунад. Руднев, ман ҳам меравам гуфта, ҳамроҳ мешавад. Яқин дашту доманҳои дар баҳорон гулпӯш шудаи замини Бохтар ҳавасашро оварда буданд. Дуртар аз деҳае дар баландиде аз бари осиёи нимвайрона мегузаранд, ки аз даруни чакалакзор ҳашт нафар босмачӣ аз рӯбару мебароянд. Байнашон занозанӣ сурат мегирад. Ду нафари босмачиҳоро захмӣ мекунанд. Аз инҳо Евгений аз по тир мехӯрад. Ҳамроҳонаш ӯро бардошта меоранд.
Хабарро бегоҳи рӯз Загорский ба Чернов расонд. Тир аз баландтари зону задааст. То меоранд, ки по варам кардааст. Худаш гоҳ баҳуш будаасту гоҳ беҳуш.
– Табиб дид? Чӣ мегӯяд? – пурсид Чернов.
– Табиб ҳамроҳи ротаи хизмати ақиб будааст, дертар омад. Гуфт, ки ҳеҷ гап не. Дар ду-се ҳафта сиҳат мешавад.
– Ҳуши табибат дар ҷояш ё оллои мегӯяд? Ку рафтем, бинем!
Онҳо аз замини аламаш кӯрпашуда гузаштанд, баландиро баромаданд, ки табиб бо дастони хунолуд аз ҳавлии осиё баромад.
– Карим-ака, бемор чӣ ҳол дорад? – пурсид Чернов. – Ягон дору кардед? Спирт доред?
– Спирт нест, каме монда буд, ки бачаҳо ёфта нӯшидаанд.
Чернов дар гуфтори табиб бепарвоиро ҳис карда оташин шуда бошад ҳам, худро ором вонамуд карда пурсид:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо