Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Пас ба бемор чӣ мекунед? Ҳозир ароба ёфта беморро ба Душанбе баред. Аз он тараф духтари хондагӣ ёфта диҳанд, ҳамроҳ биёед.

Карим-ака бо нигоҳи қаҳролуд ба Чернов нигарист. Ӯ пай бурд, ки Чернов мехоҳад гӯяд, ки ба мо духтари дар донишгоҳҳои худамон хондагӣ даркор, на табиб.

– Дар шаб, дар роҳҳои вайрон бо ароба ба роҳ баромада намешавад, - гуфт Карим-ака ва оҳ кашид. - То Душанбе дар чор рӯз мерасем. Дар ин муддат пои бемор аз кор мебарояд.

– Спирт надоред, хлороформ надоред. Чароҳатро бо чӣ тоза кардед, ё тоза накарда бастед?

– Ба дастам об рез, - гуфт Карим-ака ба сарбозе, ки аз пас меомад ва ҳамзамон нигоҳашро аз Чернов наканда, ба тариқи маслиҳат афзуд: Намакоби даҳфоиза кардаю онро ҷӯшонда, шаш маротиба ҷои захмро шуста, пас устухонҳои порашударо мисли аввала буридаю ба ҷои ками монда, устухонро кӯфтаю рехта, бастам. Ду ҳафта захмро ҳамин гуна шуста мебандем, бемор нағз мешавад.

– Ҷои шикастаро гачбанд мекунанд, Карим-ака!

– Мо лангет (чӯб) мебандем. Лангет хуб, ба чароҳат ҳаво расидаю зуд сиҳат мешавад.

– Ман тут мегӯям, шумо бед мегӯед, Карим-ака?

Загорский ба маънои “тез нашав” дасти Черновро зер кард.

– Агар боваратон набошад, беморро Душанбе мебаранд, - лабханд кард табиб.

– Модом ки шумо аз коратон дилпур бошед, набаред, - Чернов аз тезии кардааш пушаймон шуд.

Чернову Загорский беморро дида, ақиб гаштанд.

– Вақте ки Рудневро оварданд, аҳволаш бисёр бад буд, - гуфт Загорский. - Зан барин гиря мекард. Ҳама мегуфтанд, ки пояшро мебуранд. Табиб устухонҳои шикастаро даст карда, сиҳат мешавад гуфт.

– Ку бинам, бо лангеташ чӣ кор карда метавонад, - Чернов дандон ба дандон соид.

Загорский ба чашмони мусоҳибаш нигариста гуфт:

– Вақте ки хабари аз по тир хӯрдани Рудневро шунидаю надашафтам, ба дилам омад, ки мегӯям: “Евгений, ин ҳамон тири ба пои саг парондаат буд, ки баргашта ба пои худат зад.” Аммо аҳволашро дидаму забонам нагашт.

– Не, ин гапро нагӯй, худаш мефаҳмидагист...

Баъд аз ду рӯз варами пои бемор гашт. Ҳамон бегоҳӣ ҳамроҳи аробае, ки тир овард, духтари хонда аз Тошканд омад.

Қарим-ака пагоҳӣ ба сафар тайёр шуда ба саҳн баромад.-Акнун маро ҷавоб диҳед гуфт.

– Мо ҳамроҳ ин бозиро шурӯъ кардем Карим-ака, ҳамроҳ ба охир мерасонем,- гуфт Чернов кушодарӯёна.

Карим-ака ба ҳамон ҷиддияте, ки мудом дар чеҳрааш ҳаст, синчакорона ба мусоҳибаш назар дӯхта, ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

Бригада ба Фархор нарасида хабар омад, ки амир Кӯлоб рафтааст. Бар-гашта Кӯлобро кофтаю пай гирифта, то гузаргоҳҳои Чӯбек расиданд, ки амир

пешина
аз 613
навбатӣ