Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ба Афғонистон гузашта рафт. Баъди гурехтани амир бригадаи 16-ум ҷониби Кӯлоб рафту бригадаи Чернов ба Қӯрғонтеппа баргашта, кад-кади дарёи Вахш ба деҳаи Обигарм баромада, ба тасарруфи водии Қаротегин равона шуд. Дар ин кӯхистони дур қариб, ки рӯздармиён борон боридаю гоҳ ба барф табдил меёфт. Роҳи харгарди домани кӯх пур аз нишебу фарозу тангноҳаст. Ҷое харссанге фуромадаю роҳро банд кардааст, ҷое дар камари шах ё байни ду ҷарӣ ду ғулаҷӯбро хобонда, ба болояш сангу рег рехта, роҳ кардаанд. Ё, ба қавли худашон, овринг сохтаанд, ки аз он бо тарсу ларз мегузарӣ. Поин партгоҳи махуф буда, рӯди Сурхоб уштулум мекунад. Дар роҳ Соҳибназар ном марди қавипайкаре ба онҳо ҳамроҳ шуд. Аз Тошканд аз мардикорӣ омада як ҳафта шудааст, ки аз сабаби набудани роҳ банд мондааст. Русиро медонад. Нақл кард, ки соли 1915 ба хизмати армияи подшоҳӣ рафта будааст. Дар полки роҳи оҳан хизмат кардааст. Дар охири соли 1917, ки Оқподшоҳро меғалтонанд, гурехта ба Тошканд меояд. Соҳибназар корашонро осон кард. Чанд сарбозро гирифта ба деҳа даромада қариб сӣ нафар мардро бо арраю табарашон пеш-пеш карда оварда, пули беруни деҳа ва оврингҳоро дуруст карданд.
– Инҳо бе ману шумо ҳам худашон мекарданд, вале омадани моро интизор шудаанд, ки бо маслиҳат кор кунем. Эҳтироми шарқии мо ҳамин гуна аст.
Соҳибназар ин суханҳоро гуфта механдад. Вале бо киноя гуфтанаш маълум аст. Вай мувофиқ ба танутӯмаш қувват дорад. Чӯбҳои се-чор кас мебардоштаро танҳо бардошта меорад. Ё дар вақти зарурӣ тарафи ғафсии чӯбро мебардора-ду ҳамроҳонашро ҳушдор медиҳад. “Тез гардед, сабаби роҳ сохтан аз сабаби намоз баландтар аст.” Ба шарофати Соҳибназар дар панҷ рӯз роҳҳои байни Обигарму Дарбандро дуруст карданд. Ин ҷо мушкилии бештар ба роҳраи хиз-мати ақиб афтид. Хару аспу уштурҳояшон аз сад зиёд аст. Аз паси ҳар ҷонвар одам мондан лозим аст, то ки ба сангу шахҳои овезон бархӯрда, ба ҷарӣ на-равад. Пулҳо ҳангоми гузаштан меларзанд. Аспҳоро нафаре аз пеш нӯҳтакаш мекунаду дигаре аз пас тела дода, ба зӯрӣ мегузаронанд. Ҷонварҳо болои пул қадам мегузоранду танашон мисли барги бед меларзад. Се асп бо бораш ба дарё рафт. Аз ҷумла ҷирани дӯстдоштаи даста бо номи Чапаев, бораш ба сан-ги овезоне бархӯрду худаш ҳавоякӣ ба шахҳои нӯгтез зада-зада ба қаъри дарё афтид. Сардаста Тошев Чилла ба ҷои афтодаи асп хеле нигоҳ карда истод. Дар оби гилолуду тира нишоне надид. Тамоми роҳ роҳсозу роҳдору беқҳоро хуб дашном дод. Дар ду-се ҷой аз сабаби танг будани роҳ тӯпҳоро аз харҳо фуроварда, ба занбарҳо бор карда, гузаронданд.
Дастаҳои Шермуҳаммад, аз он ки амир пинҳонӣ гурехтааст, ба ғазаб омада, деҳаҳои сари роҳро тороҷ ва роҳҳоро вайрон карда мерафтанд. Дар наздикии деҳаи Чинор ки зери барф роҳро дуруст мекарданд, Загорский дар қаҳр шуда гуфт:
– Александр Николаевич, аз роҳе, ки намедонем оқибат куҷо мебарад, бригадаро бурдан зарур аст?
– Чаро намедонистаем? Дар ин дара камаш ҳафтод - ҳаштоду деҳа ҳаст,- гуфт Чернов. –Ва ту медонӣ, ки ман бо ҳавас ва хоҳиши худам шуморо ҷое

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо