Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
намебарам. Супориши ҷабҳа аст. Чунки Қаротегин ҳам тобеи аморати Бухоро буд. Намешавад, ки ин тикаро нодида гирем.
- Ҳаштод деҳа бошад, роҳашонро дуруст намекунанд, ки рафту омадашон осон шавад?
- Ба Қаротегин, ки расидем, ин масъаларо аз худашон мепурсӣ.-Чернов нигоҳашро аз хару хачирҳо, ки дар бари кӯҳ чун корвон равонанд, наканда, -Пётр, дар дафтаре, ки масал ҷамъ мекунӣ, саргузашти корвони моро ҳам навис, аҳволи роҳҳояшонро низ. Баъдҳо хонда мефаҳманд, ки чӣ роҳу чӣ азобҳо доштанд ин мардум.
Рӯзи дигар офтоб шуд, тангноеро гузашта, ба деҳаи Чинор наздик шуда диданд, ки аспҳою маркабҳо калавида роҳ мераванд, баъзан роҳро монда ба ҷариҳо нишеб мешаванд. Ин ҳолат харкорҳоро ҳайрон мекунад. Баъд маълум шуд, ки дар равшании офтоб барф чашмҳошонро бурдааст. Дар Чинор ду рӯз дам гирифтанд. Мардум ин ҷо чун дар Ҳисор аз русҳо намегурезанд. Ба аскарон нону хӯрок меоранд. Соҳибназар дар даврае, ки таҳҷоиҳо бошанд, нимшӯхию нимҷиддӣ ҷониби сардастаҳо мегуфт: «Мо аввал шуморо меҳмондорӣ мекунем, пас мӯйи саратонро якто-якто меканем, ки дигар ёди ин тарафҳо накунед.»
Наздики говгум се нафар ҷавони таҳҷой хабар оварданд: “Аҳолӣ аз тороҷи қӯшуни Кӯришермату Фузайлмахсум ба дод омадаасту тарафдори ҳукумати Шӯро мебошад.” Яке аз онҳо бо лаҳни русӣ хуб сухан мекард. Ӯ худро Нусратуллоҳ муаррифӣ кард. Гуфт, ки дар Фарғонаю Тошканд дар заводҳои пахтатозакунӣ бо русҳо ҳамроҳ кор кардааст.
Рӯзи дигар дар даромади Ғарм бо дастаи Шермуҳаммад як соат барин муҳориба карданду даста бо роҳи Ҳоит пас гашта, ба кӯҳи Зардол баромад. Аммо дар баромади ағбаи Қашқарча аз пас расидани аскари сурхҳо дида, рамаи молҳои дуздиашонро партофта гурехт.
Дастаи Фузайлмахсум, ба сӯйи Дарвоз ақибнишинӣ кард. Аз рӯи гурехта-наш маълум буд, ки вай фикри ҷанг кардан надорад. Штаби полк ба Душанбе роҳи карда зиндон карданд. Ҳоит омада дар ҳавлии бойе, ки дар канори деҳа буда хонаи бисёр дошт ҷой гирифт. Як рӯз аспҳоро дам дода пас, эскадрони 1-ум ба соҳили рости Сурхоб, эскадрони 2-юм ба соҳили чапи Қалъаи Лаби Об рафта, дар тамоми Қаротегин бою амалдорони амирро пок карда, вакили давлати Шӯро монданд.
Аввали моҳи май овоза шуд, ки эшони Султон аз Дарвоз бо роҳи Чилдара ба тасарруфи Ғарм омадааст. Нусратулло хабар дод, ки чун Эшон ҳаҷ кардааст, ӯро шахси мӯътабар меҳисобанд. Ин ҷо муридҳо дорад. Падараш ҳам ин ҷо обрӯманд будаю муридони бисёр доштааст.
Дар он замон ягона роҳе, ки Ғармро ба Дарвоз мепайваст, ағбаи Камчироғ буд. Дастаи эшони Султон ағбаро гузашта, дар баландие ҷойи муҳимро соҳиб кардааст. Чун эскадрони 2-юм ҳанӯз аз Қалъаи Лаби Об наомада буд, Чернов ба ротаи Загорский як қисми ротаи Давлатро ҳамроҳ карда, ба ҷанги Эшон равона кард. Даста дар ду рӯз аз ҷониби дарёи Сурхоб се маротиба бар зидди қӯшуни Эшон ҳуҷум кард, вале қадаме пеш рафта натавонист. Душман дар пас шинаку сангарҳо ҷой гирифта ба шиддат тирпаронӣ карда, онҳоро пеш рафтан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо