Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
наемонд. Чанд нафар сарбоз мурдаю захмӣ шуданд. Рӯзи сеюм Загорский бехуда будани азмашонро фаҳмида деҳаи Сари Пулро, ки дар сари роҳ буд, ба душман гузошта, фармони ба Ғарм баргаштанро дод. Дар ин ҷанги бебарор Манучеҳр аз дасташ тир хӯрду пулеметчи Романенко аз сараш. Романенкоро, ки захми қории гирифта буд, ба Душанбе фиристоданд. Чернов нокифоя будани қувваашонро пай бурда, аз Душанбе ёрӣ талабид. Баъди як ҳафта баталиони тирандоз ва батареяи саворои кӯҳгард бо сардории полковник Исоев ба имдод омад ва рӯзи 12-уми май ҳама якҷоя аз Ғарм баромада, ба сӯйи ағбаи Камчироғ ба муқобили эшонӣ Султон равон шуданд. Соҳибназар ҳам зарурати худро ҳис карда, ба онҳо ҳамроҳ шуд. «Ман набошам, коратон ба осонӣ пеш намеравад» мегуфт ӯ ба шӯхӣ.
Рӯзи баҳор чоштгоҳи калон аст. Баъди зимистони сарди дурудароз нав тани сарбозҳо гарм шуда, ҳама шинелҳоро кашидаанд. Дар заминҳои ду тарафи сой ҷаву гандум сар кашидааст. Зағирии доманкӯҳҳо ғарқи гул аст, мегӯӣ як пораи осмон ин ҷо афтидааст. Ин ҷо офтобу осмони лоҷувард чунон рӯшананд, мисле, ки ба ҳам меҷӯшанд. Аз покию равшании кӯҳҳо ба ваҷд омада, садҳо намуд гулу гиёҳу ҷангалу тӯғаҳои барфпӯшашонро ба каф бардоштаю дар баробари осмони беҳад тавоно рост истодаанд. Хайл-хайл мурғон дар баландиҳо парвоз карда, нидоҳои шодиёна медиҳанд. Аз сойҳо, аз дили сангу шаҳҳо обҳои ширбарини сафед ҷорист. Ҷое об ба шибирзорҳо паҳн шудаю дар офтоб ҷило медиҳад, ҷое аз баландиҳо шаршара шуда садояш дараро пур мекунад. Ин садо аз он ҷиҳат дилангез аст, ки ҳамроҳи барфу боронҳо аз осмон омадааст. Дарунтари дара роҳи вайрон шурӯъ мешавад. Ҳар ҷо тармаҳо хобанд. Баъзан аз ду тараф тарма фуромадаю мисли кӯҳ роҳро банд кардааст. Сарбозҳо аз болои тармаҳо гузашта, бо ҳаяҷон овоз медиҳанд.
– Ана, боз рамаи оҳу!
– Дар ин тараф пода барин гаштаанд! Инҳо ғурм. Шоҳҳошон аҷиб. Дар ду тарафи сар саллача бастагибарин.
– Эҳ, ба ин сӯ нигаред! Қатор шуда моро тамошо доранд.
Аз деҳаи он тарафи сой чанд хари бордор намоён шуданд. Дере нагузашта боз гурӯҳе омад.
– Онҳо муридони эшонӣ Султон, – гуфт Нусратуллоҳ, – ба кӯшунаш озуқа мебаранд.
Чернов се-чор нафарро фармуд, ки борашонро гиреду худашонро сахт занед, ки аз аромоти эшон баҳраманд шаванд. Ӯ ду рӯз пеш фаҳмида буд, ки аз деҳаҳои атроф ҳаводорони эшон ҷамъ омада, ба лашкараш пайвастаанд. То ки халқ дутарафа нашавад, онҳо дар чанд деҳа митинг карданд. Бо пирони деҳаҳо аз ҳадафу мазмуни инқилоб сӯҳбат карданд. Ершови содадилро аз суханронӣ овозаш гирифт. Мардум ба суханҳояш розӣ мешаванд. Аммо бегоҳӣ нимчамуллое дар масҷид ба арабию тоҷикӣ онҳоро аз оташи дӯзах тарсонадаю аз ҳӯрони биҳишт ёдрас мешавад ва ҳама мисли рамаи гӯсфанд боз ба сӯи масҷид метозанд. Ҳаваси ҳӯрҳои он дунё бар ҳама чиз зӯрӣ мекунад. Афсунгаре дар вақташ ҷойи заъифи ин мардумро хуб ёфтааст. Охир ҳамон ҳӯрро дар ҳамин дунё дидем. Бо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо