Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тагу болою бузу ёлаш рафтему гирифтем. Пас, биёед, мисли дигарон онсӯтар равем. Лаззати илм, фикри оянда ва пешрави ҳам хуб аст...

Бригада деҳаи Сари Пулро гузашта, дар соҳили дарёи Сурхоб ҷой гирифт. Он бегоҳ ва рӯзи дигарро ба диду боздиди қувваҳои ҳамдигар ба поён бурданд. Тарафи бегоҳ борон бориду ба барфи лакка табдил ёфта, дар андак муддат заминро сафед кард. Дар замини барфпӯш хиргоҳу хаймаҳо рӯшантар менамоянд. Дар болои хаймаи калоне байрақи сабзи Бухоро насб шудааст. Дар ҳар тараф шинаку сангарҳо сохтаанд ва ҷо-ҷо нақб ҳам кандаанд. Дар дохил ва беруни хаймаҳо оташ забона мезанад. Пайдост, ки барфи ноғаҳон бесаранҷомашон кардааст.

– Бе тӯп инҳоро аз ҷояшон хезондан мушкил, - мегӯяд Исоев, бо дурбин ба мавқеи душман зеҳн монда.

– Ин мардум бештар корро баъди намози бомдод шурӯъ мекунанд, – ёдрас шуд Чернов.

– Бале, як ҷой ҳам менӯшанд, то ки танашон гарм шавад, – афзуд Исоев ва пурсид: – Арбаҳои тӯпкаш кай мерасанд?

– Соате пас.

Исоев сигор гиронида, дар зеҳнаш то хаймаҳо фосила гирифта гуфт: – Ин барф ба фоидаи мо шуд. – Баъд аз говгум чор тӯпро дар соҳили дарё ҷой мекунем, гулӯлаи тӯп то хаймаҳо мерасад. Ба сойи паҳлӯ пинҳонӣ пулемёт бароварда, дар тори сарашон ҷо мекунем.

– Эшонро дилкаф мекунӣ, Леонид Николаевич.

– Тезтар кафад. Овози тӯп дар хунукӣ газандатар аст.

Барф монду, пеши ҳаво кушода шуд. Онҳо пас гашта, раҳорах тарҳи амалиёти пагоҳиро кашиданд.

...Соати сеи шаб, ки ҳама дар хоб буданд, пушкаю пулемётҳо ба кор шурӯъ карданд. Кӯҳҳои барфпӯш акси садо дода, “бом-м-м! бом-м-м!” ва “тра-та-та”-и пулемётҳоро бештар воҳиманок мекарданд. Овози ҳойу –хӯйу дашноми одамон, садои суми аспҳо шунида мешавад. Аз кӯҳ садои ғелидани санг меояд. Мурғон аз тарс бо қийу чув чуфт-чуфт ба шаст ҷониби деҳа мепаранд. Маълум буд, ки душман ба чор тараф мегурезад. Тӯпҳо муттасил бошишгоҳи душманро мезананд. Пулемёт даме ист кардаю боз корашро давом дод. Дар ағба ҳаргуна овозҳо зиёд мешаванд. Касе касеро фарёд мекунад. Касе касеро дашноми медиҳад.

Ин дам ҷавони тануманде бо шодмонӣ хабар дод:

– Эшон гурехт! Гурехт!

– Кадомаш Эшон буд?—мепурсад дигаре.

– Ҳамоне, ки ба аспи сафед савор буд.

Чернов низ дар танаи кӯҳ, мардуми гурезаро дид: қариб ҳама чакманҳои дароз доранд, аспҳоро нухтакаш мекунанд. Баъзеҳо аспҳояшонро пешандоз кардаанд. Чернов натавонист муайян бикунад, ки кадоме аз онҳо Эшон аст.

– Ҳамон фарбеҳаш Эшон,—гуфт Соҳибназар ва карабинашро шарак-шурук кардаю Эшонро нишон гирифта паронд, ва сахт-сахт сулфида гуфт:

– Ин эшонҳои хонасалот дуъои зидди тиру камона хонда-хонда мегурезанд.

– Шайхро ҳунар нест, хонақо танг,—Муҳаммадшариф бо шӯхӣ хандид.

пешина
аз 613
навбатӣ