Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов аз Соҳибназар пурсид:
– Карабинро аз куҷо гирифтед?
– Ин карабини австрягиро аз ҷанг ниШона оварда будам.
Тақрибан бист нафар таҳҷоиҳо бо ҳаргуна камон ба ёрии бригада омаданд. Онҳо пеш медароянд.
Ҳавои пагоҳӣ хунук, лекин газанда нест. Каме роҳ ки гаштӣ, одат мекунӣ.
Дастаҳои Эшон, ҳудуди се ҳазор одам, дар кӯҳ паҳну парешон шуда мегуре-зад. Онҳое ки либосу пойафзори дилпур надоранд даст бардошта поён меоянд. Ними қушун поён меомад. Яқин умедвори авфанд. Вале ба тири сӯзон рӯбарӯ мешаванд. Дар андак муддат болои барфи тар байни хору арчаҳои бурида мурда зиёд мешавад. Баъзеҳоро хунаш рехта атрофашро сурх кардааст. Гӯё дар тагаш гилеми сурх ҳаст.
Исоев ҳамроҳи эскадрони 2-ум ба Ғарм бармегардад то ки пеши роҳи гурезаҳоро гирад.
Чернов ҳамроҳи эскадрони 1-ум дунболи дастаи Эшон мебарояд. Чанд асп дар нақбҳои кандаи душман афтида аз кор баромаданд. Аммо дар қароргоҳи Эшон аспҳои бесоҳиб, силоҳ ва хӯроки захира ҳам бисёр буд. Дар назди дари хаймаҳо ва пайраҳа, кафшҳои калони чӯбин паҳну парешон хобанд. Яқин муридҳои эшон овози пулемёт-ро шунида, кафшҳоро монда гурехтанд. Муҳаммадшариф ду-се ҷуфтро ба хӯрчин андохт. “Онҳоро чӣ мекунӣ?”- пурсид Чернов. “Инҳо алови хуб мешаванд, яктояш як чойҷӯшро меҷӯшонад” - гуфт бо ҷиддият Муҳаммадшариф.
Дар тори ағба баландии барф ду метр, ҷое то се метр аст. Барф, ки баланд аст як роҳи борик меравад. Кӯшуни Эшон ҳафтаме пеш ин ҷойҳоро бо буқаҳо пай зада, роҳ карда будааст.
– Бачағари Эшон хуб меҳнат кардаасту кораш мазза накард! - гуфт Давлат.
Вақти ғуруб бригада аз тори ағба пас гашт. Қуллаи кӯҳҳои ҷониби Помир бо абру туман пӯшида аст. Ин чо кадом тарафе назар андозӣ, кӯҳро мебинӣ. Мепиндорӣ, ки ҳама кӯҳҳои дунё инҷо ҷамъ омадаанду пушт ба пушт монда, дам мегиранд. Дар поён чангалу сойҳо ва теппаҳои бешумор тӯл кашидаанд. Барфи домани кӯҳҳо об шудааст. Оби сойҳо аз баландии мисли ресмоне менамояд, ки сарҳади кӯҳу пуштаҳоро ҷудо кардааст. Дар тарафи шимол қаторкӯҳҳои За-рафшону Олой, дар ҷануб риштакӯҳҳои Дарвозу Помир ва Шоҳдара ба чашм мерасанд. Риштакӯҳҳои тарафи ҷануб то ба кӯҳҳои Ҳиндукуш рафта мерасанд. Қуллаҳои баъзе кӯҳҳо мисли арраи дандоншикаста пасту баланд менамоянд. Баъзе найза барин ба дили осмон рафтааст. Ҳангоме ки дар ин баландӣ меистӣ, баробари бузургию шукӯҳи кӯҳҳо як навъ ошной ва наздикиашонро низ эҳсос мекунӣ. Ва ҳамонзамон дар баробари ин коргоҳи Худованд, инсон ҳакирии худро ҳис мекунад.
Нигоҳи Чернов ба Загорский ва дигар ҳамроҳонаш бармехӯрад: ҳама ҳайратзада атрофро назора доранд. “Инҳо чӣ фикр мекарда бошанд?”- гузашт аз дилаш. Фурсате пас Загорский бо изтироб гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ