Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ба ростӣ, даштҳои Русияи мо нисфи ин азамату шукӯҳмандиро надоранд! Ин ҷо ҳам оромии коинот, ҳам як навъ садои муқтадири кору пайкори онро ҳис мекунӣ.
Рӯз, ки ба охир мерасид, Чернов фармон дод, ки эскадрон ба роҳ дарояд.
Даромади тирамоҳ ҳавои тарафҳои Ғарм салқин шуд. Саҳару бегоҳиҳо мардум яктаҳу ҷома мепӯшиданд. Чернов ҳоло фикри аз Ғарм баровардани бригадаро надошт. Дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон ҳама мансабдорони амирро аз кор гирифтаю аз ватан ронда, ба ҷои онҳо аз ҳисоби камбағалон ревкому раису саркор монданд. Мувофиқи декрети обу замин, замину боғи эшону ҳоҷию судуру муштамзӯрҳоро гирифта ба камбағалҳо тақсим карданд. То мардум бинанд, ки ҳокимияти шӯро дар ҳақиқат халқист. Писари раису ҳоким бо писари пойлуч якҷоя дар як мактаб мехонад, дар артел меҳнат кардаю маош мегирад.
Пеш аз сар шудани мактаб хабар оварданд, ки ҳабдаҳ нафар бойҳоро, ки се моҳ пеш ба зиндони Душанбе бурда буданд, Усмонҳоҷаев Усмонхоҷа, сардори комиссияи диктаторӣ (диккомиссия), ҷавоб додаасту онҳо ба хонаҳояшон омадаанд. Чернов дар ғазаб шуд. Шарикони босмачиҳоро чаро ҷавоб медодааст? Омада бошанд, он заминҳошонро, ки ба камбағалҳо додем, гардонда мегиранд. Хонаҳои баъзеҳоро гирифта ҷои кор кардем. Акнун чӣ мегӯем?
Рӯзе, ки таҳсил дар мактаб сар шуд, Чернов аз сардори ҷабҳаи Туркистон фармон гирифт. Дар он гуфта мешуд, ки сарварии дивизияи 1-уми савора ба уҳдааш вогузор шудааст (Сардори дивизия Исоев дар беморхона буд). Чернов қарор дод, ки субҳ вазъияти полкҳоеро, ки дар Ҳоит ва Сари Пул мондаанд, дидаву дилпур шуда, пас ба Душанбе меравад, ки штаби дивизия он ҷост. Бегоҳи рӯз дар назди қалъаи бек, ки ҷойи истиқоматашон буд, яке аз бойҳоро, судури замони амир - Ҳайдаршоҳро дид. Ӯ рӯзи аввали омаданашон гирифта буданд. Марди миёнақади зардинаи мушчашм аст. Шарм накарда тамоми овозасро сар дода ким - чи суханҳо гуфта гиря карда буд. Оби дидааш чун аз новдон мерехт. Одамони атроф ҳайрон шуданд. Дар ягон ҷой ин хелашро надида буданд. Мардон гиря мекарданд, лекин гиряашонро нишон намедоданд. Чернов аз суханонаш ҳамин қадар фаҳмид, ки ду сол шудааст, ки амир ӯро аз мансаби судурӣ гирифта будааст.
Ҳайдаршоҳ ҳоло аз он ки ҷавобаш додаанд, хурсанд буд. Яктаҳу саллаи нав ба бар кардааст. Буғаки куртаи аз суфи урус дӯхтааш чорангушта аст. Назди Чернов омада калонгирона гуфт:
– Рафиқ сардор, ба ин кӯҳҳои мо зеҳн монед; яке пасту назарногир аст, дигаре бисёр баланду бовиқор. Мардумамон ҳам мисли ҳамин кӯҳҳомонанд. Яъне ҳам патак даранд, ҳам назарбаланд. Ман аз назарбаландҳо. Маро аз ҷониби ҳукумати шӯро оқсақол монед, фармудаатонро сад маротиба аз пойлучон беҳ накунам, номамро мегардонам. Хонаҳо дорам. Ҳар вақте намояндаатон баҳри коре биёяд, ҷой кардаю ба қадраш меҳмондорӣ мекунам. Он баду батрақҳое, ки шумо тарафашона мегиред, на хона доранд, на меҳмондориро метавонанд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо