Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
на корро уҳда мекунад. - Ва аз суханҳояш завқ карда, даҳани бедандонашро калон кушода хандид.
-
Ман ҳуқуқи оқсоқол монданро надорам, - гуфт Чернов. - Оқсоқолро халқ интихоб мекунад. Ва дохили қалъа шуд.
-
Баъди рафтани Ҳайдаршоҳ кадоме хабар дод, ки писараш Нуруллоҳ дар дастаи босмачиҳост. Дастаи ҳаминҳо взводи Манучеҳрро ғофилгир карда, ни- машро куштаю маъюб карда буд.
Рӯзи дигар Давлат Ҳайдаршоҳро ба даруни қалъа дароварда, ҷониби Чернов гуфт:
- Рафиқ сардор, Ҳайдаршоҳ шуморо ба меҳмонӣ даъват кардааст. Мегӯяд, ки аллакай гӯсфандро кушта ба дег андохтааст. - Ва хандида илова кард: - Аз афташ, оқсоқолии ҳукумати шӯроро хариданист.
Чернов ба чашмони чуқуррафтаи Ҳайдаршоҳ назар афканду дилашро ҳисси кунҷковӣ фаро гирифт.
- Гӯсфандро куштаю ба дег андохта бошад, рафтан лозим, - гуфт ҷониби Давлат. - Ку, хонаи таърифии собиқ судурро бинем.
Нисфи рӯз шаш нафар аспҳоро савор шуда ба меҳмонӣ рафтанд. Моҳи аввали тирамоҳ - вақти мевахӯрист. Шоҳҳои дарахтони меваашон пухта, себу олуҳои суп-сурх дар сари деворҳо рӯй ҳам афтодаанд. Муҳаммадшариф назди девора аспашро дошта гуфт:
- Мевае, ки аз дарахт ба дасти худат меканӣ, таъми дигар дорад. Онҳо наз- ди шоҳҳои овезон аспҳоро дошта себу биҳи меканданд, ки одами Ҳайдаршоҳ омада хадаҳашон кард. Берун аз дарвозаи аспдарои судур як намади гулаш сурх партофта шудааст. Ва ҳамин гуна намаду гилемҳои зебо ба болои пайроҳае, ки аз байни боғ мегузарад, то даромади меҳмонхона партофтаанд. Ҳайдаршоҳ гуфт, ки фақат барои меҳмони олиқадр ин гуна пойандоз меандозанд.
Дару девори Ҳайдаршоҳ дар ҳақиқат зебост. Дарахтони боғ бо меваҳои рангобаранг шоҳшикананд. Ҳайдаршоҳ рост мегӯяд, ин гуна боғро камбағал хоб мебинад.
Чернов, пеш аз он ки ба хона дарояд, пурсид:
-
Писари босмачиатон дар куҷост?
-
Шаш моҳ шудааст, ки ман он писарро надидаам, - гуфт Ҳайдаршоҳ. - Меқайҳо боз падару писар нестем. Вай ҷувонимарг кайҳо аз хонаи ман рафтагӣ аст. Се намуд хӯрок оварданд. Дар охир ҳангоме, ки палавро оварданд, Муҳаммадшарифи зирак ноаён карда хабар расонд: «Писараш Нуруллоҳ дар хона!» (Аз кӯдаке гап гирифтааст).
Чернов ду нафарро фармуд, ки бо баҳонаи мабраз хеста, хонаро аз берун муҳосира кунанд.
Ин лаҳза Ҳайдаршоҳ ҳам хатарро пайхас карда писарро мегурезонад.
Меҳмонҳо каме палав хӯрда хестанду Давлат ба тариқи дӯстона аз китфи Ҳайдаршоҳ дошта гуфт:
- Акай Ҳайдаршоҳ, то ки мо ба сидқу вафо доштанатон бовар кунем, хонаатонро мекобем. - Ва таппончаро бароварда афзуд: - Намечунбед!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо