Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳое, ки аз берун хонаро муҳосира мекарданд, хабар доданд, ки пештар ду нафар зан аспҳоро савор шуда рафтанд. Чун ба мо фармон буд, ки зинҳор ба занҳо сухан накунед, мо истиҳола кардаю наздик нашудем.

Ҳайдаршоҳ қасам мехӯрд, ки аз марги худ хабар дораду аз омадани писари ҳаромиаш не. Ва писарро дашному дуо мекард. «Ман аз ҳафт пушти чунин писар безорам!» Чашмам ба чашмаш афтад, оқаш накунам, номам Ҳайдаршоҳ не.

Чернов тугмаҳои куртаашро кушода лабханд карда гуфт:
– Ҳайдаршоҳ, ба қасаму дуои шумо бовар намекунам.

Аспҳоро савор шуда дуртар ки рафтанд, Муҳаммадшариф гуфт:
– Бечора судур хуб меҳнат карда буду кораш барор накард. Акнун зиёфат бехуда рафт гуфта, як моҳ ба алам ақибаша мехорад.

Чернов ба Душанбе ба штаб омада, дарҳол ба тайёрии зимистон пардохт.
Фармуд, ки дару девори ҷойҳои хобро таъмир кунанд. Кӯрпаву кат биёранд.
Барои аспҳо охтахона созанд. Аз пайи чунин корҳо буд, ки фармони Сардори фронт дар бораи пароканда кардани дивизияи 1-уми савора омад. Чернов моту мабҳут монд. Фикр кард, ки яқин роҳбарони фронт қасдан ин корро карданд.
Чернов медонист, ки байни роҳбарони фронт ва ҳукумати Бухоро номувофиқист.
Ин баҳсҳошон як сол пеш ҳанӯз аз рӯи ба Бухоро даромадани армияи сурх шурӯъ шуда буд. Дуруст аст, ки дивизия ҳам талафоти калон дод. Ними дивизия намондааст. Қисме сари тири босмачӣ шуд, қисмеро иқлими номусоид, ба хусус тобистони гарм, аз кор баровард. Охир ҳар деҳаву ҳар шаҳр бо белу корду каланд ба ҷанг мехест. Онҳо ба гап намедаромаданд. Ягона роҳ ба онҳо зӯрӣ кардан буд. Ба чунин мушкилиҳо аз Самарқанд то соҳили Ҷайҳун зада омада давлати шӯроро сохтанд. То ин корҳо шуданд, ки як сол гузашт. Ва акнун ҳамаро монда бароед будааст. Ин аҳмақиро бине! Аз байн се рӯз гузашта буд, аз Ғарм хабар оварданд, ки бойу эшонҳо заминашонро гардонда гирифтаанду камбағалҳои замингирифтаро азоб медиҳанд. Ҳамон рӯз байни Чернов ва Пӯлодхоҷаев бо сардӣ чунин гуфтугузор шуд.

– Мо ҷанг кардаю хун рехта, бойю эшонҳоро дошта ба зиндон фиристем, назди мардум худамонро бадном кунем, шумо онҳоро раҳо кунеду худро дӯст нишон диҳед.

– Худатон дидед, ки ҷанг кашол ёфт. Мардуми ин тарафҳо сар фуровардагӣ нестанд. Мо ба Сардорони дастаҳо, шартномаи сулҳ бастем. Онҳо розӣ шуданд, ки ба манфиати тартиботи ҳукумати нав кор кунанд...

– Тартиботи нав ҳамин, ки ҳамаи табақаҳои мардум баробар кору зиндагӣ кунанд.

– Мо ин шартҳоро гузоштем.
– Ҳеҷ вақт бойу эшони шумо худро баробари пойлуч намедонад!
– Намешавад, ки ҳамаи бойу эшону аъламҳоро нест кунем! Онҳо ҳам ҳуқуқи дар ватанашон зиндагӣ кардан доранд!

– Бояд нест кард, то ки ҷамъияти нав сохта шавад.
– Динро нест кунед, урфу одатро нест кунед, китобҳоро сӯзонед, ин чӣ бало инқилоб шуд?!

пешина
аз 613
навбатӣ