Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хуб, бойу эшонҳоро ҷавоб дошед! Онҳо рафта боз боғу заминҳояшонро пас гирифтанд. Нагуфтанд, ки, хой камбағал, биё як гӯшаи ин боғро ту ҳам гиру зиндагиатро бин!

— Кӣ чизашро медиҳад? Ман ҳам намедиҳам!

— Барои ҳамин ҳам мо инқилобро ҳар хел мефаҳмем. — Ба майдони рақс, ки даромади, рафиқ Пӯлодхоҷаев, кунро ҷунбондан лозим!

— Мо гумон намекардем, ки инқилоби шумо майдони кунҷунбонист, гумон доштем, ки майдони тараққию пешравист!

— А-ҳа, Бухороятон дарҳол Париж мешаваду шумо перемер-министр!

Онҳо бо ғазаби ошкоро ба ҳам нигаристанд.

«Шумо баробарию бародари мекунем, зиндагии мардума обод мекунем гуфта, моро фириб дода даромадеду на як хонаи обод мондеду на одами одамшаванда. Шумо чӣ гуна махлуқед! Мо аз шумо безор шудем!» мегуфт нигоҳи яке.

«Ҳамин дудилагию буздилии шумо, ҷадидҳо, буд, ки як сол боз мо дар ин гӯшаи фаромӯшкардаи олам ҷангу ҷидол кардаю дар азобем! Ҳоло мо меравем ва мебинем аз дасти шумо чи кор меояд? Ба каллабурҳоятон чӣ гуна забон меёбед! Мо бори дигар дарк кардем, ки шумо ҳанӯз аз уҳдаи давлатдорӣ кардан намебароед». Дар нигоҳи Чернов чунин суханҳо хонда мешуд. Ӯ зарханда карда афзуд:

— Кадоме гуфта будааст, ки душмани сахттарин дӯсти пештараат аст. Ва пас гашта дар дил қарор дод, ки пагоҳ комиссари дивизия Ершовро мефармояд, ки ба Бухоро рафта бо раиси ҳукумат Файзуллоҳ Хоҷаев гапзанон карда, фармони аз кор дур кардани ин ҷадиди ношудро ба дасташ диҳад. Вай дар чунин корҳо усто аст.

пешина
аз 613
навбатӣ