Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Мақоли «сад нӯшаш ба як неш намерасад» дар ҳаққи ҳаминҳо, – гуфт Мансур. – Ин қадар оилаҳоро нест карданд, ҳеҷ не ки дородорашонро бас кунанд. Ҳамин ҷаллодиҳошон аст, ки мардум ором намегиранд. Аз ҳар тараф бар зиддашон шӯриш мебардоранд. Гап-ғап ҳаст, ки дар атрофи Бухоро ва шаҳрҳои калон боз дастаҳои шӯришгар пайдо шудаанд. Шӯрохоро барҳам дода, коргоҳҳошонро оташ мезадаанд.
– Аз дасти ин дастаҳоятон дигар ҳеҷ номаъкулӣ намеояд, Мансурбой, – гуфт Мирзоумед ситезмандона. – Худатон дар ҷангҳо иштирок кардед. Аз ман хубтар медонед.
“Дастаҳоятон” гуфтани Мирзоумед ба Мансур сахт расид, вале ӯ худро дошт.
– Бубинед, муаллимҳоро аз Масков оварда, ҷавонҳои моро дониш меомӯзанд, – афзуд Мирзоумед ба оҳанги сарзаниш. – Кори ҳарбро таълим медиҳанд. Дигар пешравиҳо бо ёрии онҳо мешавад. Некӣ аз ин зиёд намешавад. Мағозаҳоро бинед, пур аз либосвориҳои озодаю арзон. Суханатон “сад нӯшаш ба як нешаш намерасад” ба ин мардум намечаспад. Ин суханро дар дигар ҷой нагӯед.
“Инро бинед-а, ҳатто андешаатро гуфтан мумкин набудааст!” Мансур захрханда кард.
Зулайҳо баланд омадани шавҳарашро пай бурда, ба оҳанги шӯхӣ Мансурро дил дод: – “Ҳоло ин кас коргари давлати Шӯравӣ, ба эҳтиёт сухан кунед”, – гуфт ва чойбиёриро баҳона карда, хона даромад.
– Мирзоумед, шумо ҳам кӯтоҳандеш нашавед, – гуфт Мансур ҳарчи дӯстона. – Аз хотирафон баромад, ки дар Найзаварон замин, гову мол доштем, худамон ҳам алоҷаю адрасу беқасабу дигар молҳои ватанӣ мебофтем. Ва муҳиммаш дар ватанамон озоду бебок мегаштем.
– Он вақт танҳо як қисми мардум дорою беғам буд. Дигар ҳама лучу бенавою бедониш буданд.
– Ин суханҳоро аз ҳамкоронатон шунида бовар кардед?-гуфт Мансур бо мулоиматӣ. -Саводнок шуда, куҷоро гирифтем? Номдор шудем?! Не, пора-пораю шарманда шудем! Бале, бисёриҳо хонда наметавонистанд. Лекин касбу кори бобоиро хуб медонистанд. Аз офтобӣ анҷум нишонаҳо, таҷрибаҳо доштанд, чунон деҳонию молдорӣ мекарданд, ки хондагиҳо дар ҳайрат мемонданд.
– Худамро мисол меорам,- Мирзоумед миёнбандашро кушода, танашро шамол дод.- Кор мекунам, маош мегирам. На ғами зимистон дорам, на ғами тобистон. Оянда ҳама ҳамин гуна зиндагӣ мекунанд. Магар ин бад аст?
– Шумо худатонро монед. Беруни шаҳрро баромада бинед, мисле ки ду сагро ҷанг меандозӣ, падару писару тоҷику ӯзбекию қиргизу қазокро ба ҳам ҷанг андохтаанд: мардум ту бой, ту ранҷбар, ту мулло, ту босмачӣ гуфта, гулӯи ҳамдигарро гирифтаанд...
– Замона замонаи инқилоб аст. Дарёи инқилоб мухолифонашро шуста мебарад.
“Бале, ҳамнишинӣ бо болшевикон инро дигар кардааст!”- Эҳтиёт кунед, мабодо мавҷи ин дарё худатонро ҳам набарад,-гуфт Мансур аз ҷояш хеста, ба зӯрӣ табассум карду афзуд:- Хоб мекунем, пагоҳ аз кор дер намонем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо