Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзи якуми сентябр Мирзоумед гуфт, ки Ҷовидро худам бурда, ба мактаб мемонам. Дар гузарамон дар назди Чорсӯ мактаби нав кушодаанд. Бештари муаллимонаш бухорой.

  • Дар дигар мактабҳо бухорой нест?
  • Дар мактабҳои нав бештар туркҳо кор мекунанд
  • Ҳама ҷойро турк зер карда будааст: нозироти маориф, нозироти замин, умуман дар аксари нозирот туркҳо кор мекунанд. Ҳамаи милисаҳо турк.
  • Инҳо ҳам мардумони хубанд. Мардуми худамон набиёд, корро натавонад, айби кӣ?
    Мансур гапро ба дарозо кашидан нахост, то ки баҳс накунанд ва гуфт.
  • Шуморо овора накарда, Ҷовидро худам барам чӣ?
  • Талабгор ба мактаби нав бисёр. Ман намояндаи нозироти маориф ҳастам, не намегӯянд,-гуфт Мирзоумед.
    Он пагоҳӣ Мансур ба Ҷовид дафтару қалам харида оварду дертар ба бозори мардикор омад. Корфармо ҳам дер омад. То ба хонааш, ки дар канори шаҳр будааст, расиданд, ки рӯз аз чоштгоҳи калон шуда буд. Хӯҷаин, марди сиёҳҷурдаи рӯйдароз, ришаш ҳам дароз, Мансурро назди огиле оварда ба рӯшаш аз ду тараф даст бурда гуфт:
  • Дуямон ин поруро берун мепартоем.
    Кӯча танг буд. Дар он сӯйи кӯча низ огилу кахдонҳо тӯл кашида буд. Хӯҷаин белу каланд овард: огил дар пастӣ ва дараш танг буд. Дохили огил торик.
    Дар ду тарафи дар хокистар тӯда карда шудааст, мобайн ҳама зак. Ба кӯча партофтани пору мушкил аст. Ба дили Мансур омад, ки аз баҳри кори имрӯз барояду равад. Чунки имрӯз Ҷовидро бояд аз мактаб гирад. Вале як соат роҳ гаштану “хӯҷаин”-ро ба умед кардан ба хотираш омаду дилу бедилон белро гирифт. Дере нагузашта назди дар пури пору шуд. Мансур берун баромада хост назди дарро тоза кунад, ки хӯҷаин риши хунукашро ларзонда “кори беруна ба ман монед, шумо кори дарунро тамом кунед,” гуфт. Сару рӯяш араколуд буд.
    Ҷӯйбори поини хонаашро тоза карда буд. Маълум буд, ки дар кор пухта аст.
    Дар одамшиносӣ ҳам таҷриба доштааст. Пагоҳӣ байни одамони зиёд чарҳ задаю рӯбарӯи Мансур қарор гирифта, бо оҳанге, ки гӯё шинос бошанд, гуфт:
  • Як огил дорам, ҳарду тоза мекунем.
  • Ба мо девор бардоштану дигар корҳо бошад,-гуфт Мансур.-Огилтозакунӣ кори ҷавонҳо.
    Мард баланд хандида гуфт:
  • Кори шуморо ягон ҷавон карда наметавонад. - Ва ба оҳанги дигар илова кард:-Дурр шиканаду сухан не, гуфтаанд. Аз дур шуморо дида, ба дилам омад, ки пулам ба ҳамин мард насиб кардагӣ. - Ва боз варсоқиҳое хонду ба гуфти худаш, тилисмбандаш карда овард.
  • Ин поруи чандсола?- пурсид Мансур.
  • Ду сол шуд тоза накардаам, шояд зиёд ҳам бошад.
    Мард дурӯғ мегуфт. Дар нигоҳаш истеҳзо аён аст. Гӯё мегуфт, модом ки омадӣ, кор мекунӣ.
  • Ду сол бошад ҳам, говҳо даҳто будаанд-дия, - Мансур киноя кард.
пешина
аз 613
навбатӣ