Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Ин ҷо даҳ гов намеғунҷад, — мард ришханд зад. Ва афзуд: — Шуморо одами чашмикордон дидаю тилизмбанд карда овардам.
Мансур бо нафрати ошкоро гуфт:
— Аз абри сафед битарсу аз риши бузург, — гуфтаанд.
Мард ба ришаш даст бурд.
— Ба назарам ҳоло ришам кӯтоҳ аст-ку, — гуфт.
— Кӯтоҳ, кӯтоҳ, — Мансур тамасхур кард. — Монед думи асп барин шавад, пас одамасп шуда мегардед. Ӯ дам нагирифта то гашти рӯз кори огилро тамом карда, баромада либос пӯшид.
Мард либоспӯшии Ӯро дида, саросема наздиш омад:
— Барои шумо аз гӯшти тоза шӯрбо пухтам. Ба номи Худое, ки халқам кардааст, то шӯрборо нахӯред, ҷавобтон намедиҳам. — Ӯ аз китфи Мансур дошт.
Мансур дид, ки болои боми рӯбарӯ дастархон партофтаю хӯрок тайёр аст. Чун номи Худоро гирифт, рӯи хотир карду ба дили ғаш сари зону нишаста шӯрборо ошомида хест, ки мард боз рӯбарӯяш истод ва ин дафъа ҳам бо ҳамон оҳанги аввала гуфт:
— Ҳоло офтоб баланд, ҳамин ҷӯйбори поини хонаро тоза мекунему дигар шуморо намедорам.
— Дар гуфтугӯи мо ҷӯйбор набуд, — Мансур аз он ки нони ин марди беинсофро хӯрд, пушаймон шуд.
— Ҳоло рӯз баланд — такрор кард мард. Ва боз дар чеҳрааш истеҳзо аён шуд. — Аз ду тараф медароему...
Мансур нав ба маънои «ҳоло офтоб баланд», гуфтани мард сарфаҳм рафт. Асосан корфармоҳо мардикорро рӯзбайъ мегиранд. Бисёр иттифоқ меафтад, ки корфармо, кореро гуфтаю муздурро мебарад. Кори гуфтааш, ки буд шавад, кори дигар мефармояд ва мешаванд ҷанг.
Мансур ҷанҷол кардан нахост.
Мард ҳамчунон лақ-лақ мекард:
— Шумо ҳам мисли худам коргар будаед. Пагоҳӣ бехуда ситораи дуямон рост наомада буд.
Мансур либос накашида, ба кор шурӯъ кард. То офтобшин ҷӯйбори аз нешхӯрду саркуту хасу хошок пуршударо тоза карда, дарро зад.
Хӯҷаин баромада, ҷӯйбори тозаро дид ва аз ҷайбаш пул бароварда, гуфт:
— Даруни ҳавлӣ боз каме кор буду дидам, ки шумо саросемаед...
Мансур пулро гирифта, ба рӯи мард нигоҳ накарда, аз ҳавлӣ баромад.
— Ақаллан пулатонро нашумурдед... Ё аз ман ранчидед?
Овози мард ба гӯши Мансур нафратангез расид. Қариб буд пулро ба рӯяш мезад. “Астағфируллоҳ!” гуфта худашро дошт. Боз ҳам ба пас нигоҳ накард. Раҳораҳ огили бадбӯйро ба ёд оварда, ба ҳолаш гиряаш омад ва ба оҳанги надомат пичирос зад: “Чӣ ношукрие карда будам, ки Худованд ба ин рӯзам расонид...”
Ба мактаб хеле дер карда омад. Ҷовид назди дарвоза рост меистод. Чашмонаш гиряолуд. Посбон Мансурро дида гуфт: “Муаллим каме шуморо интизор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо