Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шуду писаратонро назди ман монда рафт: Гуфт:- Ба падараш гӯед, ки ман муаллимам, ки қаровули писарашон."

Аз дарвоза, ки берун баромаданд, Ҷовид ҳик-ҳик гиря кард.

  • Бачаҷон, маро бубахш, ки дер кардам,-Мансур писарро ба оғӯш гирифт.

  • Дер кардед, -такрор кард Ҷовид ва афзуд: -Муаллим ду бор гуфтанд, ки падарат одами хуб набудааст.

“Ана алами Ҷовид аз чӣ будааст? Аз дер омадани ӯ не, падарашро ки таҳқир кардааст, аламаш омадааст. Феъли Мансурӣен”.

  • Бачаҷон, ту хафа нашав. Зиндагӣ чунин аст; гоҳ танқид мекунанд, гоҳ таърифат.

Онҳо роҳи гузар ба саисхонаи Нусратбойи ҳамсояшон даромада, аспашро, ки Мансур он ҷо ҷой карда буд, дида, пас ба ҳавлии Мирзоумед омаданд.

Дар рӯйи ҳавлӣ дарвозаи калони чӯби чормағз мехобид. Дарвоза кандакорӣ накардагӣ бошад ҳам, чӯбаш бақувват буд. Мирзоумед тани курта атрофи дарвоза ҷунбуҷӯл дошт. Арақи рӯяшро пок карда гуфт:

  • Дарвозаи ҳавлӣ пасти бенур буд, аз бозор калонашро харидам.-Ва аз рӯйи Мансур нигоҳашро наканда афзуд:- Дар савдо будам, ки Сафари додари Ҷаббор пайдо шуд. Ҳамроҳаш Саидақбари писари Қодир, ба кадом мактабе семоҳа хонданӣ омадаанд. Маҷбур карданд, ки дарвозаатонро худамон мебарем. Оварданд, хӯрок хӯрдану пеш аз шумо баромада рафтанд.

Чеҳраи Мансур хашмолуд шуд ва пурсид:

  • Чӣ хабарҳо гуфтанд?

  • Ҳангоми чойнӯшӣ шуморо пурсиданд, Амини домоди Мавлонбойро пурсиданд, ки ин ҷо меоянд?.

  • Чӣ ҷавоб додед?

  • Гуфтем, ки онҳоро надидаем.

  • Нағз кардед.-Касе пурсид-хоҳ худӣ хоҳ бегона, гӯед надидам.

  • Сафар гуфт, ки дар он тарафҳо дородор бас шудааст ва артел ташкил кардаанд. Дар деҳа якчанд артел шудааст. Сардори ҳамаи артелҳо Сангов будааст. Баъзеҳо яккахоҷагӣ мондаанд.

Мансур сарварии Холу Тош баринҳоро тасаввур карда андешид, ки гумон аст кори артел ба дасти онҳо пешрав шавад. Аз дасти ин тоифа чоплусию хабаркашӣ меояду бас.

Мирзоумед хомӯшии рафиқашро дида гуфт:

  • Овоза будааст, Нуралӣ ростӣ як дафъа омада дидааст, ки ҳоло ҳам як-як хонаашро кофтан меоянд, зуд баромада рафтааст.

  • Бечора гумон кардааст, ки ҳамдиёрон раҳаш медиҳанд. Сояша дар девор бинанд, метарошанд.

  • Ростӣ, таги дили худам ҳам буд, ки андактар баргашта меравам. Он ҷо хонаю дар дорам, замину боғ дорам.

  • Минбаъд замину боғро фаромӯш кунед.

  • Зани калонинам ин тараф - он тараф давида, ними замини паси хонаамро гандум коридааст. Маро мудом дуои бад мекардааст.- “Илоҳо ба по рафт, ба

пешина
аз 613
навбатӣ