Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сар биёд! Илоҳо меҳнатҳои дар ҳаққаш кардаам кӯраш кунанд!” мегуфтааст. Як маошамро ба писари Қодир додам, ки бурда ба дасташ диҳад.
Мансур тоқат накарда, хашмашро берун рехт.

– Мирзоумед, мебахшед, ҳеҷ не, ки феъли қишлоқиатонро партоед. Охир ҳамин зот набуд, ки моро аз рӯйи қасос бой кардаю ба куштан дод!. Хонаҳоямонро толон кард. Гумон кардед, пулатона бурда мерасонад? Пулатона дар ҳамин шаҳр мехӯрад ва пас хабар мерасонад, ки душман он ҷо озод гаштааст.

Мирзоумед ранг бой дод. Дарҳол ба даркаш расид, ки асли кор ҳамин тавр ҳаст.

– Рост мегӯед. Мана ақлам нест, гуфт ва пурсид: - Акнун чӣ кор мекунем?

– Пул садқаи сар. Ҷойи истиқоматро дигар мекунем. Ба ягон шаҳри дигар меравем.

Мансур дар таҳлука афтодани рафиқашро дида, дилбардориаш кард:

– Ҳамроҳи ҳукумат кор мекунед, шояд рӯйи хотир мекунанд. Мебинанд, ки тарафдорашонед, тозакор, албатта, рӯйи хотир мекунанд.

Мирзоумед аз занаш ҳам гап шунид. Ҳамон чувонимаргҳоро дид, чашматона бегона накардед? Бо кадом ақл ба душманбача пул додед? Акнун аз Бухоро хеста боз куҷо дум паноҳ кунем?!..”

– Охир аз наздам чин барин баромаданд, надонистам...- Мирзоумед худро сафед кард.

Мансур намози асрро хонда аз Мирзоумед, ки байни ҳавлӣ рост истода газетаю варақ мезад, пурсид:

– Дарвозаро шинонем?

– Ҳоло монед,- Мирзоумед оҳ кашида даст афшонд.- Баъдтар мешинонем. Вале аз байн ду-се ҳафта гузашту дигар ёди дарвоза накард. Боре рӯзи ҷумъа дертар аз кор омада, аз Мансур пурсид:

– Корҳои Анварпошоро шунидед?

Мансур вақтҳои охир дамдузд шуда буд. Аз кор қасдан дер меомад. Кӯшиш мекард, ки бо Мирзоумед камтар сӯҳбат дошта бошад. Фикр мекард, ки ба воқеаҳо ва сиёсати ҳукумат фикру андешаҳояшон ба ҳам мухолифанд ва ин ҳолат онҳоро рӯз то рӯз аз якдигар дур мекунад. Хусусан баъд аз он, ки Сафару ҳамроҳаш хонаро дида рафтаанд, хавотир мегашт. Боре ба Мирзоумед хотиррасон кард, ки ақаллан ба дигар маҳалла кӯчанд. Вай гуфт, ки то кай гурехта мегарданд. Таваккал гуфта дар ҷоямон шиштан мегирем. Аз афташ, аз он ки дар ҳукумат кор мекард, дилпур буд. Ӯ боз фикр мекард, ки хубаш як хона харида равад. Лекин Ҷовидро чӣ кор метавон кард? Зулайҳо нағз нигоҳубинаш мекунад... Ба ҳар ҳол ба як қарор омада наметавонист.

Ҳоло ӯ дар чеҳраи рафиқаш парешонӣ мушоҳида карда, ба дилаш омад, ки яқин хабарҳое, ки аз ҷамъияти мардикорҳо мешунавад, ҷон доранд. Ҳафтаи гузашта аз даҳони онҳо шунида буд, ки Анварпошо, домоди султони Туркия, халифаи мусулмонҳо, аз дасти болшевикҳо вайрону толон шудани Бухороро шунида, сари қаҳр ҳамаи корҳояшро партофта, ба ин ҷо омадааст.

Мансур ба ин суханони содалавҳона аҳамият надод. Ва ҳангоми пагоҳӣ ҳам дар гӯшаи майдони Регистон (навдавлатон он ҷойро майдони “Истиқлол” ном

пешина
аз 613
навбатӣ