Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гузоштаанд) ҷамъ омада, интизори корфармо меистоданд, ки шамол чак-чак кӯчаҳоро хезонда ба майдон овард. Онҳо худро ба паноҳи девори ҷойҳои паҳлӯи роҳ гирифтанд ва Мансур он ҷо чунин хабарҳо шунид:

“Анварпошо Кӯлобу Фарҳорро аз дасти болшевиқҳо гирифтаю сӯйи Бухоро ҳаракат доштааст. Ба мардуми Туркистон муроҷиат кардааст, ки хезед, русҳоро зада берун мекунем! Амир Олимхонро оварда ба ҷояш мешинонанд! Ин чӣ гап аст?
Бухоро бекас мондааст?! Дини мубини ислом ҳам бесоҳиб нест,- гуфтааст.”- он ҷо байни тарафдорон муқобилҳо чунин баҳс шуд:

– Дар ҷӯйи обомада об омадааст! Зоти шоҳонаи амирам ин ҷо наздик ба дусад сол подшоҳӣ кард, мемонад, ки як даста болшевики пойлуч омада ба сари тахташ такя занад?

– Армияи болшевиқҳо ҳам аной не (суст не), Оқпошшоҳи номиро сарнагун карданд, тамоми Русия, Қафқоз, тотору қипчоқро гирифта омада, амир Олимхонро зада тахту бахташа гирифтанд, акнун мемонанд, ки Бухороро Анварпошо соҳиб кунад?

– Ҳой доҳунда!, Анварпошо ҳам аз кӯча ба ин ҷо наомадааст! Лашкарбошии Туркия, ва бисёр ҷангҷӯ ҳам ҳаст! Валлоҳ, кири болшевиката набарорӣ, номамро мегардонам.

– На Анварат, на Олимхонат дигар ҳеҷ кор кардан наметавонад!
– Ҳой мулло Тухмак, ту ин қадар руспараст шудаӣ?! Ё...
Агар милисаҳо намеомаданд, занозанӣ мекарданд.
Мансур аз ин боб чизе нагуфт, ҷавоб дод, ки ҳафтаи гузашта дар газетхона хондааст, ки Анварпошо омадааст.

– Шумо аз дунё бехабар будаед. -Мирзоумед овозашро паст кард.- Дар ҷойи кори ман аксар тотору туркҳо -ку. Забонашонро кам-кам мефаҳмам. Баъзеашон худ пичир-пичир мекунанд, ки Анварпошо гӯё бо калони болшевиқҳо Ленин шиносӣ доштаасту Ленин ба ӯ фармудааст, ки халқи Бухоро ҳеҷ не ки ба иттиҳод биёяд. Беҳуда аз ҳар тараф шӯриш мехезонанд. Ҳол он ки сохти шӯроӣ ба мо ҳамчун марҳами ҷон аст. Яқин шуморо домоди халифа гуфта, суханонро ба заҳни худ намегузоранд. Шумо он ҷо раведу фаҳмонед, ки мо душмани амирем, душмани тамоми халқ нестем. Анвари зирак ба ин ҷо омада мебинад, ки болшевиқҳо инқилоб мекунем гуфта, “маззаро аз қайла” гузарондаанд. Мардум аз чигиниҳои инҳо ба сутӯҳ омадаю аз ҳар тараф бар зиддашон шӯриш бардоштаанд, дар поёни кор болои ҳукумати Файзуллоҳ бештар туркҳо, қариб ҳамаи милисаҳо турк. Вазъиятро муносиби табаддулот дида, андешаҳояшро ба наздикон ифшо мекунад...
Вазири ҳарбӣ Орифов Абдулҳамид, раиси кумитаи иҷроияи Бухоро Усмонхоҷа, Пӯлодхоҷаев, сардори милисаи Бухоро Дониёрбек, ки аз бераҳмии болшевиқҳо дилмонда буданд ва ҳамзамон дар ҷамъомади гузашта аз намояндаи Москва хабари хуб таънаю тааддӣ шунида буданд, ба Анварпошо мепайванданд ва як гурӯҳ фасод шуда ба Қубодиён мераванд. Дар он ҷо митинг баргузор кардаю масъаларо хеле равшан мекунанд. Мегӯянд, ки мо омадем, то шуморо аз асорати русҳо озод кунем. Дини азизи исломро ба мақоми аввалааш баргардонем. Баъди ин суханон муҷоҳидини он тарафҳо ба ӯ ҳамроҳ мешаванд. Аксари милисаҳо ҳам, ки туркҳо буданд, ба ӯ мепайванданд. Гӯё амир ин хабарро шунида, сарлашкари тавоно

пешина
аз 613
навбатӣ