Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мусулмонҳо тӯйинаш кардаю ваъдаи пулу силоҳ додааст. Ҳоло вай бо русҳои мустақар дар Бухорои шарқӣ буда, ҷанг доштааст ва аллакай чанд гарнизони болшевикро зада гирифтааст.

Ин суханҳо Мансурро моту мабҳут карданд. Фикр кард, ки агар туркҳои дар ҳукумат нишаста чунин суханҳоро гӯянд, пас ин овозаҳо ҷон доранд.
– Ҳамкорҳоятон боз чӣ мегӯянд? – пурсид ӯ.
– Боз фаҳмидам, ки вазири мудофиаи Афғонистон Нодиршоҳ будаасту вай ҳам ваъдаи аскару аспу ҷабар додааст.

Дар дили Мансур шамъи умед рӯшан шуд. Ба Анварпошо Афғонистон ёрӣ кунад, албатта Туркияи худаш бетараф намеистад, ана он вақт болшевикро на ин ки аз Бухоро, балки аз Тошканду Хева ҳам берун кардан мумкин. Ин кор бояд шавад. Акнун ҷазояшонро мебинанд. Дар дили Мансур аз нав шуълаи умед равшан гашт. Кош зиндагӣ мисли рӯзҳои аввал мешуду хонаи Самаркандасро мегирифт, ки бори дигар байни он роҳраву дарахтҳо мегашт, бегоҳиҳо ба фотиҳа падару модарашро ёд мекард, дар дилаш армон намемонд. Дар ин дунёи бӯқаламун, дар ин кайҳони беинтиҳо фақат дар ҳамон макони бобоӣ дилаш ором мегираду бас.

Мирзоумед боз гағум-гум даромад:
– Аз тарафи дигар, магар армияи сурхро задаю аз ин ҷойҳо рондан осон аст? Ин тоифаро аз бом занӣ, аз мӯрӣ медароянд, аз замин ронӣ, бо аэропланҳояшон аз осмон меоянд.

Мансур ба фикрҳои худ банд буд, меандешид, ки Анварпошо амир Олимхон нест, ки аз омад-омади урус талхакаф шуда гурезад. Агар чунин шароити мусоид пеш омада бошад, бояд ҳама хеста ба Анвар ёрӣ диҳанд.

Ӯ барои огоҳии бештар аз ин хабарҳо ба хонаи Низом махдум рафт. Раҳими қассобро надод. Дари дуконаш баста буд. Шарифҷон — писари Низом махдум рӯйи ҳавлиашон баромад. Ӯ “падарам ба Балҷувон барои дидани аммаам рафтанд,” гуфт ва ба гусел баромада, дар таги дарвоза афзуд: - Як моҳ зиёд шуд бо якчанд шиносҳояшон ба тарафи Кӯлоб рафта буданд, ки ба дастаи Анварпошо ҳамроҳ шаванд. Ду рӯз пеш як рафиқашон омада буд, гуфт, ки баъдтар меоянд. Мансур хост пурсад, ки овозаи русҳоро аз Кӯлобу Балҷувон берун карданашон оё рост аст? Вале забонаш нагашт. Нахост ҷавонро бо ҳар гуна овозаҳо безобита кунад. Раҳораҳ дар дилаш ҳаваси Низом махдумро ёфтану ба кӯшуни Анварпошо пайвастан пайдо шуд.

Миёнаҳои баҳор овозаи “муҷоҳидҳо русҳоро аз деҳаҳои атрофи Бухоро зада пеш кардаанд”, паҳн шуд. Ду рӯз пас боз овоза карданд, ки дастаҳои Муроди Пешқӯҳӣ (ӯро Муроди машкоб ҳам мегуфтанд) ва Кӯри Атои Галаосийӣ то таги девори Бухоро омадаанд. Ва рӯзи чоршанбеи муродбахш ба дастаи мулло Абдуқаҳҳори Ғиждувонӣ ҳамроҳ шуда, ба дарвозаҳои Мазори Шариф ва Шайх Салол зада даромаданӣ мешаванд, ки қисмҳои ҳарбии ҳукумат ва коммунистҳо тӯпу пулемиётҳояшонро бардошта, назди дарвозаҳо омада, пешашонро медоранд. Ду-се рӯз пас қисмҳои армияи сурх, ки дар Бойсун будаанд, ба имдодашон расидаю дастаҳои шӯришгарро зада дур мепартоянд.

пешина
аз 613
навбатӣ