Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин турки моҷароҷӯй дар ҳақиқат пешравиҳо дорад, ё газетаҳо воҳима мекунанд?- Чернов дар коргоҳи Степанов бо ӯ рӯбару менишаст.

– Воҳима не,- Степанов аз ҷояш хест ва коғазҳои парешони болои мизро ҷамъ карда як тараф монд:-Рафтем, дар чойхонаи паси бино ноништа карда, суҳбатамонро давом медиҳем,-гуфт.- Ҳоло то маҷлиси шумо ду соат вақт ҳаст.

– Шумо намеравед?-пурсид Чернов аз ҷояш хеста.

– Мо акнун нозирот дорем. Раиси нозиротам он меравад.

Ҳавои аввали тобистон гарм аст. Офтоб нав тулуъ кардаасту аллакай баданро арақ зер мекунад.

Онҳо дар кати сояи дарахте ҷой гирифтанд. Степанов айнакашро аз чашм гирифта, чойхоначиро даъват карда пурсид:

– Акаи Сӯҳроб, Александр Николаевичро мешиносед?

– Александр акаро албатта мешиносам. Як моҳ пеш худатон ба поезд шинонда гусел карда бубед.

– Офарин, чашми мушоҳидаатон зӯр. Аз Беҳрӯзи ошноятон дарак нест?

– Ошно,-лабханд кард Сӯҳроб. -Аз «Ошно» алҳол дарак нест. Ӯро бисёр маккор мегӯянд. Ин дафъа ки аз дур дидам, зуд хабар мерасонам.

– Хуб ҷойи кабуд ва нону қаймоқ биёред.

Баъде ки Сӯҳроб рафт, Степанов гуфт:

– Ин мард дар гузашта ҷадиди гузаро буд. Дар замони амир гуреза шуда мегашт. Ба ин ҷо бисёр меомад. Боре билет наёфта назди ман даромад. Ҳамон вақт шинос шудем.

– Хуб кас ёфтед.

– Бисёр пухта. Касонеро, ки мековем, ин зуд меёбад: бо киҳо мегарданд, дар чӣ хусус суҳбат мекунанд, ҳамаро зери назорат мегирад.

– Маълум, дар бораи ман гуфт-ку: «Як моҳ пеш худатон гуселаш кардед».

– Чанд маротиба ва кадом рӯз ба поезд савор шудед, медонад,- Степанов хандид.

– Хуб, хабар дод, пас шумо чӣ чора меҷӯед?

– Мемонем, ки беташвиш ба поезд савор шавад, пас дар истгоҳи дигар мефарорем.

– Аз ҷадидҳои худашон ҳам хабар мерасонад?

– Албатта, мерасонад. Ҳоло душмани сарсахти мо ҳамонҳоянд. Дар ҳама ҷо болшевикҳо моро фириб карданд, гуфта гаштаанд.

– Онҳо хабаркашиашро пай намебаранд?

– Пай баранд ҳам, кори мо чӣ?—тамасхур кард Степанов.

– Ба пул кор мекунад?

– Не-е, канӣ пули бекор. Дар рӯйхати бойҳо меафтад. Ин ҷо оварда Қазоқистон роҳӣ карда буданд, ки маро дида ба зорӣ даромад: «Халос кунед, ҳама коратона мекунам.» Бо шербачаҳо гапзанон кардам: чойхоначии пештараро ба ҷояш фиристонданду инро ин ҷо ба кор гирифтем. Вай ҳам хурсанд, мо ҳам.

– Он чойхоначӣ чӣ айб дошт?

пешина
аз 613
навбатӣ