Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Инашро напурсидам. Шояд айбҳои инашро ба сари ваяш мемондагистанд...
Черновро аз сухани Степанов ғашаш омад. Чӣ гуна мешудааст, ки як одами бегуноҳро аз рӯзгору зиндагиаш маҳрум кард ба ҷафоҳо гирифтор кунӣ. Вале ба инҳо чӣ мегӯӣ? Ҳамин ки гуфтӣ, худатро зери гумон мегиранд. Қарор дод, ки минбаъд дар назди ин бетавфиқ гапашро дониста мезанад. Боз заҳрханда сар ҷунбонда гуфт:
– Барои шумо корҳо осон,- ва афзуд:– суҳбатамонро дар бораи Анвар давом медиҳем.
Степанов қаймоқро наздиктари меҳмон гузошт ва суханашро идома дод:
– Дар моҷарои Анвар газетаҳо, баръакс, истиҳола карда менависанд. Росташ-ро гӯям, вазъият хеле хатарноку печида аст. Анвар тамоми Бухорои шарқиро то Душанбею Деҳнав гирифта, қонуну қоидаи амириро ба роҳ мондааст. Аз раисони ревкому ҳаводорони мо касе гурехт, ҷонашро халос кард, касе ба даст афтод, гӯсфандвор сар буриданд.
– Гарнизонҳои мо дар Кӯлобу Қурғонтеппаю Душанбе буданд. Дар сарҳади Саройкамар як баталион буд. Ҳамаро бо силоҳ муҷаҳҳаз карда буданд.– Чернов чойникро надаш гирифта, пиёлаашро пури чой кард.– Коре аз дасти онҳо наомад?
– Нимашро кушт гӯем хато намекунем. Ними камтараш гурехт. – Степанов беихтиёр овоз баланд кард ва ба чашмони мусоҳибаш нигарист.– Газетаҳо навиштаанд, ки гӯё гарнизонҳои мо муваққатан ақибнишинӣ мекунанд. Дар асл онҳоро зада баровардаанд. Дар Кӯлоб аз паси бинои гарнизон накб канда шабона борути бисёре ҷой карда, онро таркондаанд, дар натиҷа қариб сад одам ҳалок шудаанд, нафарони зиёде захмӣ гаштаанд.
– Оҳ-о! Рост мегӯед?
– Рост. Анвар се рӯз пеш (19 майи 1922) бо имзои сарфармондеҳи артиши миллии кишварҳои Туркистон, Бухоро ва Хева ба Москва таҳдиднома фиристодааст. Талаб кардааст, ки Русия онҳоро ба расмият шиносаду қисмҳои ҳарбияшро аз он ҷойҳо барорад! Понздаҳ рӯз мӯҳлат додааст.
– Эҳ-а! Ин аҳмақиро бин!
– Бале! – Степанов айнакашро ба чашмаш монд.– Ин овозаро шунида, газетаҳои хориҷӣ ҳай мағал бардоштаанд: «Дар батни гетӣ Наполеони нав зуҳур кардааст»! «Анварпошо дар Осиёи Миёна Туркистон месозад!» «Инқилоби русҳо дар Осиёи Миёна шикаст хӯрд!» ва ғайра.
– Пас қувва доштааст, ки чунин корҳоро анҷом додааст. Дилпур намешуд, чунин талаб намегузошт.
– Қуввааш асосан ҳамон дастаҳоанд, ки ду сол пеш дар атрофи амир Олимхон ҷамъ омада буданд. Ва як қисм туркҳое, ки дар ҳукумати Бухоро кор мекарданд, низ ба онҳо ҳамроҳ шудаанд. Ғайр аз инҳо тахминан сад нафар афғонҳо ихтиёрӣ, гӯё ба ёрии бародарони мусулмонашон омадаанд. Ва ҳудуди шаст-ҳафтод нафар ҳаводоронаш аз Туркия омадаанд. Онҳо таҳҷоиҳоро машқи ҳарбӣ медоданд. Амир Олимхон аз Афғонистон ба аҳолӣ фармони “ҷиҳод кунед”-ро додааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо