Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Маълум мешавад, ки туркҳо ба ин кор ҷиддӣ машғул шудаанд. Боз ҳавои империяи Усмонӣ ба машомашон задааст:
– Ҳоло Туркия бо дарди худаш банд аст. Бо Юнон ҳоло ҳам ҷанг дорад. Ба кори Бухорою Туркистон Анвару атрофиёнаш ҳаводоранд. Ба ҳар ҳол ҳамин гуна суханҳо мегӯянд, боз кӣ медонад?..
Чернов ба дарахтони зардолуи канори боғ, ки аз бори зиёд шохҳояшон нишеб шудаю меваашон ба пухтан расидааст, нигариста, муддате хомӯш монд. Фикрҳои мухталиф дар сараш равю мекарданд. Ба рӯи мусоҳибаш нигариста гуфт:
– Игор Николаевич, ман панҷ сол аст, ки дар даруни ин ҷангҳо ва дар байни ин мардум ҳастам. Дигар фармони амиру подшоҳ, ҷиҳоди муллоҳо дар байни мардум на таъсир дорад, на қурбу манзалат. Ҷиҳод гӯеду тиру камон набошад... Ду кундаро назди мо партофта мефармоянд, ки лабу лахт кунед. Ман табар дорам, шумо, ки табар надоред, чӣ кор карда метавонед? Мо ва дастаҳои муҷоҳид дар чунин ҳолат қарор дорем. Аз ин рӯ ман аз ҷиҳоду ниҳоди Олимхону муллоҳо парво надорам.
– Аз рӯи гуфти сарбозҳое, ки аз он ҷо гурехта омадаанд, ҳоло онҳо усули ҷангро дигар кардаанд. – Степанов ҷиддӣ шуд. – Дигар тӯда шуда, бо калтаку корд “бос! бос!” гуфтаю калоба шуда намеоянд. Накб кофтан, шинаку сангар сохтан ва дигар санъатҳои ҷангиро ёд гирифтаанд.
– Офарин! Туркҳо, ки мардуми ҷангдида ҳастанд, инҳоро ёд додаанд. Гап дар ин ҳам не. Агар Англия ё давлати дигаре силоҳ диҳад, корашон пеш меравад.
Степанов айнакашро ба чашм гузошту ба чойхонагӣ ишораи “чой биёр” карду гуфт:
– Мо шунидем, ки гӯё Англия силоҳ додааст. Лекин ҷосусҳои мо ин хабарро рад мекунанд. – Роҳҳо таҳти назорати онҳоянд.
– Аммо ҳангоми ба Бухоро омадани Анварпошо гап дигар буд: – Чернов чашмонашро танг карда, ба мусоҳибаш зеҳн монд: “Меҳмони азизи мо... Инқилобчии моҳир. Пайрави кори Ленин...” – гуфта, хуб бардор-бардор карданд.
– Гап дигар буду... – Степанов ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд. - Ман ҳам дирӯз аз Тошканд, аз ситоди ҷабҳаи Туркистон омадам. Он ҷо рафиқон гуфтанд, ки Туркияро ба ҷанги ҷаҳонӣ Анвар ҳамроҳ карда буд. Пештар дар Олмон консул шуда кор мекардааст. Ҳарбиёни Олмон ваъдадо карда, дилашро ба ҷанг гарм мекунанд, вай ҳукуматашро моил мекунад. Баъд аз он, ки Туркия ҳафтод ҳазор аскарашро бой дода, ба шикаст мувоҷеҳ мешавад, дар дохили кишварашон зиддиятҳо сар мезананд. Анвар гурехта ба Олмон меравад. Ва ба воситаи шиносҳои олмониаш ба Москва роҳ меёбад. Москва нақша мекашад, ки агар Камолпошо Отатурк ҷангро бой диҳад, ба Анвар армия дода Туркияро тасарруф мекунад. Ҷумҳурии алоҳида месозад. Вале Камолпошо ғалаба мекунад, Анвар аз бозӣ мебарояд. Пешниҳод мекунанд: барои пешбурди кори инқилоб дар кишварҳои Шарқ ба онҳо ёрӣ расонад. Вай бошад, ин ҷо меояд, чинҳо моҷароҷӯияш безобитааш мекунад ва ӯ ҷангро сар мекунад.
– Кор ин тавр нест, Анварпошо наметавонист, ки ба танҳоӣ Туркияро ба ҷанг кашад. Яқин, омилҳо зиёданд, – гуфт Чернов бо оҳанге, ки суҳбатро бас мекунад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо