Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ва зуд илова кард. — Игор, азизам, роҳи инқилоб ҳамин гуна пур аз нишебу фарозҳо будааст: шӯриш, маҳбас, гурезогурез... Ва газетаҳо овоза мебардоранд; Барои халқу ватан шуда... Худат медонӣ. Баъди ин кашокашҳо, агар бахтат омад кард, ҳокимиятро мегирӣ, омад накард, як умр дар банду зиндон мемонӣ. Пешвоҳои мо ҳам бо чунин роҳҳо ҳокимиятро гирифтанд. Ба худат маълум...
— Рост, инқилоб ҳамин гуна ранг доштааст, — Степанов чашмонашро танг карда, аз паси айнак ба мусоҳибаш зеҳн монд.
— Дар ин масъала Москва чӣ мегӯяд? — Чернов дар чашмони Степанов як айёрии ногуворро мушоҳида кард.
— То ҷое ман медонам, Москва пушаймон аст, ки Анварпошоро ба ин тараф равона кард. Ба шумо ҳам маълум, ки Москва ин обу офтобу замини ҳосилхезро ба осонӣ аз даст нахоҳад дод.
Чернов аз ҷояш хеста худро ба тартиб дароварда гуфт:
— Армияи сурх ҳам ҳамин фикрро дорад.
Пленуми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро якҷоя бо намояндаҳои Москва ва Ҷабҳаи Туркистон соати даҳи пагоҳӣ шурӯъ шуда, панҷ соат давом кард. Боз ҳам аз ҷониби намояндаҳои Москва ба сари сарварони ҳукумати Бухоро, Файзуллоҳ Хоҷаю атрофиёнаш танзу таъна мисли хокрӯба рехт. Мардумро ба ҷанг хезондани Анварпошо, рӯз ба рӯз афзудани нуфузи босмачиҳо, беназмии кишвар ва баланд шудани нархи наворо (ҳабдаҳ маротиба) натиҷаи ноӯҳдабароии ҳукумати Бухоро маънидод карданд. Ва ҳамзамон дар масъалаи тақсими мансабҳо сахт норозӣ карданд: “Боз ҳамон салладорҳо, боз ҳамон тоҷиру азёну хоҷаҳои собиқ дар ҳукумат ҷой гирифтаанд! Боз хешу табору ошнобозии шарқӣ. Дар байни ёздаҳ аъзои ҳукумат як деҳқон нест! Пас оё мешавад ин ҳукуматро камбағалпарвар гуфт?! Не. Ин ҳукумати бойҳост ва боз тарафи бойи худашро мегирад!
Ҳангоми танаффус Чернов ба мусоҳибаи гурӯҳҳо гӯш андохта (онҳо намедонистанд, ки ӯ забони таҳҷоиро медонад), мақсадашонро пай бурд. Онҳо байни худ мегуфтанд, ки русҳоро аз кори давлатдорӣ дур доштан даркор. Роҳ надиҳед, ки рафта байни аҳолӣ росту дурӯғашонро гӯянд. Чернов ба Мелников намояндаи Москва марди танадори қадпаст, ки таҳҷоиҳо аллакай ба ӯ лақаби “фитна”-ро часпонда буданд, ин гуфтугӯро расонд ва илова кард, ки ҳамаи ҷадидҳоро аз ҳукумат пеш кардан лозим аст. Инҳо аз душман ҳам душмантаранд.
Мелников ришханд карда, оромона гуфт:
- Мо акси гуфтаҳояшонро мекунем. Аксари аъзои шӯрои инқилобӣ аз ҳисоби сардастаҳо мешаванд ва ваколати шӯро зиёд мешавад.
Мелников сухан гирифтаю дар фуроварди суханаш Файзуллоҳро хезонду гуфт:
- Рафиқ Файзуллоҳ Хоҷаев, шумо хуб медонед, ки мо дар таърихи башар аввалин маротиба давлати коргару деҳқонро барпо кардем. Бо чӣ қадар хунрезию мушкилиҳо онро сохтем. Дуруст аст, ки дар ин ҷо коргарони заводҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо