Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ва боз ҳам Муҳиддинов, ки дафъаи гузашта ба намояндаи Москва суханони сахт гуфта буд, хеста ҳамчунон ба лаҳни русӣ бо шиддат ҷониби Файзуллоҳ Хоҷа гуфт:
– Шумо чоплусиро монеду кори шударо рӯирост гӯед. Гӯед, ки шумо, болшевиқҳо, дар дасисасозӣ бисёр усто будаед! Барои тасарруфи Бухоро моро пеш андохтед, то ки гапу кори ноҷое рух диҳад, гуноҳро ба сари мо партоед! Муллоҳо, овоза карданд, ки гӯё мо ҷавонбухориҳо зидди дини ислом будаему кофирҳоро баҳри вайрон кардани Бухоро мо овардаем! Гӯед, ки аз ду ҷониб бадном шудани мо кам буд, ки акнун худи шумо моро таъқиб доред. Дар масъалаи Анварпошо, мо ӯро на мешиносем, на ба меҳмонӣ даъват кардаем! Ин балоро ба сари мо Масков фиристод! Гӯед, ки...
– Ин ҷо бозор аст ё пленум! – Намоянда аз ҷош хеста ба тундӣ сухани Муҳиддиновро бурид.
– Муҳиддинов, шумо маҳмадоной накунед! – гуфт Файзуллоҳ Хоҷа ҳам, ки суп-сурх шуда буд.
Аз қатори пеш подполковнике, ки дар ҷабҳаи Туркистон хизмат мекард, луқма партофт:
– Москва Анварпошоро нафиристодааст! Ӯро ду сол пеш, ҳангоме ки ба Боку ба анҷумани халқҳои Шарқ омада буд, Пӯлодхоҷаеви худатон ба меҳмонӣ даъват намуд.
Файзуллоҳ Хоҷа ин дафъа ба зарба суханашро идома дод:
– Дар масъалаи кадр гуфтед, ки деҳқона аз байни замини шолӣ меовардӣ, хуб мебуд. Аммо он деҳқон дасти ростро аз чап фарқ накунад, ҳарфу ҳисобро надонак, коре аз дасташ наояд... Бовар надорам, ки Москва...
– Москва ошпазро ҳам ба кор мегираду шоликорро ҳам! – Намоянда ба шиддат сухани Файзуллоҳро бурид.
Чернов мушоҳида кард, ки Файзуллоҳ Хоҷа нисбат ба порсола имсол хеле логар шудааст ва оҳангу зарби овозаш ҳам нерӯи пештараро надорад. Ӯ барои худ боз як кашфиёт кард: Москва ба Файзуллоҳ бовар надорад... Дар дил ба ӯ муроҷиат кард: “Файзуллоҳ, азизам, ту ҳоло ҷавонӣ, бо чор-панҷ забонро донистан ба онҳое, ки сад моҷарою майдону маҳкамаро дидаанд, сарбасар шуда наметавонӣ. Инҳо намегузоранд, ки ту дар Бухоро, ба хоҳиши дилат давлату даврон ронӣ. Ҳатто дӯстону ҳамақидаҳои худат аз рашку ҳасаду нотавонбинӣ рӯзат намедиҳанд.”
Аз вазъият истифода бурда, пленум қарор кард, ки баҳри беҳбудӣ ва осонии кор роҳбарияти давлатҳои Хева, Туркистон (Тошканд) ва Бухороро якто карда ба он номи Бюрои Осиёимиёнагии РКП(б) (Средазбюро) дода шавад. Ва ҳама қувваю қудратро ба як мушт ҷамъ карда, ба сари Анварпошои турк зананд. Дастгоҳи таблиғоти ҳукумат ҳамаи воситаҳо истифода карда, ба мардум фаҳмонанд, ки Анвар шахси хатарнок ва ҷосуси империализм аст. Ҳамзамон бояд сохти низоми Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро нигоҳ дошта шавад. Ба комиссияи фавқуллодаи диктаторӣ, ки пештар таъсис ёфта буд, фармуданд, ки по ба пои артиши сурх рафта, касони ба Шӯроҳо бадбинро батамом батараф кунанд. Дигар бас аст бозии мушу гурба!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор