Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун аз ҷой бархостанд, Чернов аз ҳуқуқҳое, ки ба комиссия доданд, мабҳут монд. Комиссия бояд аз паси қӯшун рафта дар шаҳру деҳот, кумитаи инқилобӣ ва ташкилоти ҳизбӣ таъсис диҳад. Бо салоҳдидаш ба корхонаҳо ва одамони алоҳида молиёт бандад. Андози калон ба оқсақолу эшону хоҷаю муллоҳо баста мешуд. Ҳангоми зарурат аспу уштури мардумро гирифта, ба ихтиёри қӯшун медод. Касеро, ки бар зидди шӯроҳо ё инқилоб кору рафтор дошт, ноҷо анҷом дода буд ё зиддият нишон медод, бе пурсишу бе суд мепарронтанд. Фаъолияти корхонаҳоеро, ки маъқулашон намешуд, қатъ мекарданд (асосан корхонаҳои байҳоро). Чернов зимни ин фикрҳо меандешид, ки Анварпошои истиқлолият меорам гуфта, ба сари ин мардум бало овард.

Дар он замон як бозёфти большевиқҳо ин буд, ки ҳар кореро, ки мекарданд, аз номи халқ мекарданд. Ва аз рӯзи дигар шӯрӯ карда аз номи ҳукумату корхонаҳо, ҳатто муфтию уламои намоён ба номи Ҷабҳай Туркистон номаи барқияҳои сохта қатор мешуданд: “Халқи ранҷбари Бухоро...” ё “деҳқонони водии Фарғона аз шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки баҳри саркӯб кардани душмани давлати тозаистиқлоли мо, ҷосуси империализми хунхор, ҷосуси Бритониё Анварпошои моҷароҷӯ ба мо ёрӣ диҳед”. Ва чунин номаҳоро ҳар рӯз дар газетаҳо чоп мекарданд.

Ба зери риқоби Анварпошо даромадани тамоми дастаҳои Бухорои шарқӣ, ба Русия таҳдиднома навиштанаш ва чунин андешае, ки гӯё бештари мардум ба пуштибониаш бархостааст, Москваро сахт ошуфтаю безобита кард. Бо сардории Лев Тротский (шахси дуюм баъд аз Ленин, соҳиби амру фармону андешаи ба таври ҳарбӣ роҳбарӣ кардани давлати коргару деҳқон) ва сардории Қувваҳои мусаллаҳи Русия Каменев Сергей Сергеевич ва як даста машваратчиҳои соҳибтаҷриба ба Тошканд омада, маслиҳати муқовимат бо Анварпошоро карданд. Маслиҳат чунин шуд, ки ба ғайр аз ҷабҳаи Туркистон дар кӯтоҳтарин муддат аз ҷабҳаҳои Қафқозу Сибир низ дастаҳои хуби ҷангӣ оварда, Анварпошову тарафдоронашро чунон саркӯб кунанд, ки ин ҷосус минбаъд ёду ҳаваси исён накунад. Ду гурӯҳ таъсис доданд, ки яке бо роҳи Бойсуну Душанбе ҳаракат карда то Кӯлоб меравад, дигаре бо роҳи Бойсуну Қубодиён ба Кӯлоб меравад. Киштии “Черняев”-ро бо ротаи десантӣ фармуданд, ки аз роҳи дарё то Қубодиёну Саройкамар рафта, гузаргоҳи дарёро зери назорат гиранд, ки Анварпошо ба Афғонистон фирор карда натавонад.

Ба гурӯҳи Чернов бригадаи 1-уми савора, полки 3-уми тирандози Туркистон ва қисми ҳарбии Бухороро ҳамроҳ карданд.

Ба гурӯҳи дуюм сардастаи полки 7-уми тирандозӣ Бондаренко Николай Григорович, ки дар Қаршӣ мустақар буд, сарвар интихоб карданд (Николай дар ҷанги Бухоро ордени Байрақи Сурх гирифта буд). Ба гурӯҳи ӯ бригадаи 8-уми савора ва ротаи савораи аз Қафқоз омада низ ҳамроҳ шуданд.

пешина
аз 613
навбатӣ