Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Дарвозаро шинонем, пас девор мебардорем, – мегӯяд амаки Мирзоумед ва нигоҳашро аз холаи Зулайхо, ки куртаи шоҳӣ ва рӯймоли дока баста баромад, намеканад.

– Пас, хонаҳоро ҳам канда, аз нав хонаҳои баланд месозем, – маслиҳат дод Ҷовид ва хандид. Ӯ бӯи атри холаро ҳис карда наздиктараш рафт. Хола ҳар гоҳе, ки куртаи шоҳӣ пӯшад аз вай ин бӯй меояд.

– Раҳмат, бачаҷон, ман ҳам ҳамин суханро гуфтанӣ будам, – холаи Зулайхо даст ба китфи Ҷовид гузошт.

– Ба шарте, ки ту дигар “кай деҳа меравем?” намегӯӣ. – Аз лабони амак табассум ҷамъ намешавад. Аз афташ бӯи атр ба он кас ҳам маъқул аст.

– Э, ин нағмаҳотона монед, он ҷо модарам, пайвандон, Гулмоҳатон...

Амак ба оҳанги шӯхӣ меафзояд: – Гулмоҳӣ меораму дар гӯшаи дигари шаҳр хона мехарем. – Ва ҳарду механданд.

Ҳар гоҳ ки зану шавҳар шӯхӣ мекунанд, Ҷовид аз амак рашк мекунад. Мехоҳад хола ба вай меҳрубон бошаду бас.

Амак дарвозаи харидаашонро, ки ду моҳ зиёд хоб буд, хобонда андоза мегирад, ва ҷониби Ҷовид нигариста мегӯяд:

– Ҷӯра, ту бобоят барин дуредгари номӣ шав, хонаҳои номии шаҳрро бобоят пӯшидагиянд.

Ба хотири Ҷовид рӯзҳои охири умри бобояш Меҳрони камон меоянд. Болои ҷойгаҳ хобида, ба падараш мегуфт, ки касби бобоиро хор накунед. Мо наздики чорсад сол аст, ки аз ин касб нон мехӯрем. Он кас овози барҷаста доштанд. Он овоз ҳоло ҳам дар гӯш аст.

– Падарам ваъда карда буданд, ки маро дуредгарӣ ёд медиҳанд, – гуфт Ҷовид.

– Ҳеҷ не ки падарат сари калобаи корашро ёбад. – Амак нигоҳашонро аз дарвоза намеканад. – Мегӯям, ки ба кори давлатӣ даро, қабул намекунад. Ин давлату ҳукуматро назараш намегирад.

– Айби падараш не, ҳукумати шумо дили мардумро ранҷонд, – хола ҷониби падарашро мегирад.

– Ту ба ҳукумат кордор нашав, – маслиҳат дод амак.

– Чаро кордор намешудаам? “Ба хӯрдан сер нашуда, ба лесидан сер?” дар ҳаққи ҳаминҳо. Дирӯз аз гузарамон Нусратбойи нонпазро “ту кам андоз супоридай” гуфта, бурда ҳабс кардаанд. Мақсадашон ҳамин будааст, ки пули нони фурӯхтаашро ду тақсим кунад.

– Пули андозро супурад. Ин мардуми моро ба ҳоли худ монӣ, як танга ба касе намедиҳад.

– Имрӯз гузарро гаштам, нон наёфтам! Ҷӯрабек ҳам аз банду зиндон тарсидаю дари нонвайашро бастааст.

Дар ин асно ду марди низомипӯш бе иҷозат ба ҳавлӣ даромаданд. Марди калтай нуғайнусха, ки рӯяш хол дорад, ба лаҳни шикастаи туркӣ аз амак пурсид:

– Мирзоумеди Мирзокарим шумо?

– Ман, – ранги амак пахта барин канд. Ва гӯё худро сафед мекарда бошад, бо овози гиреҳхӯрда гуфт: – Ман як сол зиёд шуд, ки дар шӯъбаи нозироти маориф кор мекунам.

пешина
аз 613
навбатӣ