Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– ОГПУ медонад, ки дар куҷо кор мекунад!- истеҳзо кард холдор. – Гуреза буданатона, ба Бухоро кай омадед, медонад. Пеш дароед, ҳамроҳи мо меравед. Ва чашмаш ба холаи Зулайҳо афтоду лаҳзае таваққуф карда пурсид: - Инҳо зану фарзандатон?
Амак ҷавоб надод.
Холаи Зулайҳо, ҳар вақте ки ҳамроҳи шавҳараш ношиносеро бинад, рӯй паноҳ мекунад. Ин дафъа, гӯё ки шах шуда бошад, аз ҷояш намеҷунбад. Он касро овози омиронаи амак ба худ овард.
– Ту хона даро!- Ва бо ҳамон оҳанг ҷониби холдор афзуд: - Ман ақаллан ба сардорам хабар диҳам.
– ОГПУ аз сардори шумо намепурсад,- холдор арақи рӯяшро пок карда, ин дафъа ба нармӣ пурсид:- Либосатонро дигар мекунед ё ҳамин хел меравед?
Амак чӣ гуфтанашро надониста, дар ҳолате ки сару рӯяшро арақ зер карда буд, сарҳам хона даромад.
Ҳамроҳи холдор, марди газгӯшти чашмзард, тугмаҳои ялаққосии куртаашро кушодаю худро шамол дода, ҷониби Ҷовид чашмакӣ зада пурсид:
– Дарвозаи нав фармудед?
Ҷовид ба ӯ бад-бад нигариста, аз ӯ ҳазар карда, дуртар рафт. Аз даруни ҳимроғи хона овози пасти гиряи хола ва суханони амак меомад.
– Зулайҳо, азизам, гиря накун. Ҳоло ҳеҷ гап не. Онҳо маро доштан наметавонанд. Нашавад, мегӯям, ки авфи умум эълон кардем! Шумо қавл доред ё не?! - Овозашро паст карда, боз:- Маро зиёдтар доранд, мефармоям, ки Мансур туро ба Найзаварон барад... Он ҷо Фирӯз шумоёнро хабар мегирад.(Фирӯз домодашон).
Аз байни ду дақиқа барин гузашту тоқати холдор тоқ шуда, рафта дарро зад.
Амак дар ҳавои гарм саллаю ҷома карда баромад: Ба атрофи ҳалӣ нигоҳе андохту пас ҷониби Ҷовид арз кард. «Ин кори мудири шӯъба Эфендиев. Ӯ инкор кардааст.»
Ҳама аз дарвоза баромаданд. Амак нагузошт, ки Ҷовид ҳамроҳаш равад. Дуртар рафта гуфт:
– Суроғи маро аз идораи хуфия пурсед.
Ҷовид баргашта дид, ки холаи Зулайҳо худро болои суфаи таги тут партофта, мисли касе, ки дард мекашад, ғунча шудаю гиря карда мегуфт:
– Хонаат сӯзад, золим! Бачаи азизат мурад, золим! Дар ин ғарибӣ домани киро гирам?
Ҷовид байни ҳавлӣ шах шуда истод, намедонист чӣ гуфта холаро тасаллӣ диҳад.
Мансур аз кор омада хабари бурдани Мирзоумедро шунида, ҳангум монд. Вазнин дар гӯшаи суфа нишаст. Фикр кард, ки Мирзоумеди сода як маош гирифту ба гузашта хати бутлон кашид. Гуфтам, ки сад нӯши ин ҳуқу ба як нешаш немерасад, бовар накард. Акнун мефаҳмад, кӣ будани инҳоро. Нигоҳаш ба Зулайҳо, ки болои остонаи хона мотам гирифта менишаст, афтод ва ӯро дилбардорӣ кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор