Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Мирзоумедро раҳо мекунанд, келин. Хатое шудааст. - Ва гӯё кори заруреро фаромӯш карда бошад, саросема аз мехи сутуни ҳавлӣ ҷомаашро гирифта, ҷониби Ҷовид нигариста, илова кард:
- Касе маро пурсад, гӯед, ки порсол як бор омада буд, дигар наомадааст. Баъди ду рӯз, нисфи рӯз омада фаҳмид, ки касе суроғаш накардааст, ором шуда гуфт: "Ҷойи Мирзоумедро муайян кардам. Мадрасаи Ғозиёнро ҳабсхона кардаанд, гунаҳгоронро ҳамон ҷо бурдаанд."
Пагоҳи якшанбе ҳамакаса Мирзоумедро хабаргирӣ рафтанд. Шаб борону шамоли сахт шуда баргу ғӯраҳои дарахтонро резондааст. Баъзе кӯчаҳоро рӯфтаанд, баъзе ҳанӯз норӯфта. Зулайхо камзӯли бахмал пӯшида, сарандоз гирифтааст. Он рӯзҳо нав баъзе занҳои таҳҷоӣ бо рӯйи кушода ба кӯча мебаромаданд. Мегуфтанд, ки онҳо занҳои калоншавандаҳо мебошанд. Аз дидани онҳо баъзе мардони тақводор сар хам мекунанд, аксар бо даҳони кушода нигоҳ карда меистанд. - Ин бино мадрасаи Турсунҷон буд, - бинои дуошёнаи боҳашаматеро нишон дод Мансур. - Навомадаҳо онро ҷойи истиқомат кардаанд.
Ба кӯчаи Наддофон, ки ҳабсхона он ҷост, омаданд. Назди ҳабсхона зану марди бисёре дар интизори дидани пайвандонашон буданд. Баъзеҳо бо оби дида мегуфтанд, ки як ҳафта аст омадурафт доранду пайвандонашонро дида наметавонанд. Дуртар аз дари даромад, дар наздикии девори мадраса тути калонест, ки шохҳояш то девори ҳабсхона расидаанд. Якчанд кӯдак баланд-баланд гуфтугӯ кардаю тутҳои нопухтаи шамолрезондаро чида мехӯранд. Дари даромади мадрасаро чӯб зада маҳкам карда, як тирезача мондаанд. Дар дохил ду-се ҷавони низомипӯш менамоянд. Ҳар гоҳ, ки даричаро кушоянд, аз он бӯйи арақи бадан ва гӯшти бӯйкарда меояд. Баъзе занҳо навдавлатонро бо овози баланд дуою нафрин мекунанд: - Илоҳо давлати зулмободатон зери забар шавад!
- Илоҳо инқилоби сархӯратон сари худатона хӯрад.
- Номи ҷадидҳо дар гӯр, ки шумо кофирҳои дуздро оварданд.
Дар гӯшае марди қадбаланди сарлуч, ки савдой аст ё қасдан худро чунин вонамуд мекунад, ба ҳар каси рӯбарӯ омада ҷониби маҳбасхона ишора кардаю ба нимтабассум тез-тез чизе мегӯяд.
Аз гуфтаҳояш ҳамин қадар фаҳмидан мумкин: "Файзуллоҳ хоҷа ин ҷо одамони саллакалони Бухороро ҷамъ кардааст. Мегӯяд онҳоро Масков ба маҷлис мебарам."
Мансур аз дасти Ҷовид дошта, кашид: "Одам ба девона зиёд нигоҳ намекунад!", - гуфт.
Маҳбусҳо дар назди ғурфаҳо тӯда-тӯда бо рангу рӯйи зардӣ нигоҳи маҳзун интизор истодаанд. Дар ошёни поён баъзеҳо бо пайвандонашон гуфтугӯ доранд. Паси тирезаҳо маҳбусон шаш-ҳафт нафар тамба шуда меистанд. Баъзе номи шахсеро гирифта фарёд мекунад. Ним соат барин гузашту назди ғурфаи ошёнаи дуюм Мирзоумед намудор шуд. Дар сараш тоқии фарсудаи аз сараш калон. Саллаашро ба миён бастааст. Маълум буд, ки ҳоли ночур дорад. Дар ду ҳафта лоғар шудаю устухонҳои рӯяш баромадаанд. Дили Мансур ба ҳоли рафиқаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор