Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
сӯхт ва боз ҳам фикри пештараш ба сараш омад: “Наход ҳаёти минбаъдаашро ба банду зиндон гузаронад?”
Мирзоумед занашро дида, худро ба даст гирифт ва ба зӯрӣ табассум карда гуфт:
– Кофта-кофта маро ёфтед? - Ва кӯтоҳ-кӯтоҳ сулфид.
Оби дидаи Зулайхо шаш қатор равон шуд. Саргиракашро ақиб карда пурсид:
– Чӣ мехоҳанд аз шумо? - Аз зарби гиря китфонаш ба ларза даромаданд.
– Ҳоло пурсуҷӯ доранд. - Мирзоумед худро ба ғурфа ҷафс кард: - Яке раҳмашон меояду ҷавоб медиҳанд.
Зулайхо чизе гуфтагӣ шуду натавонист. Андак пас бо овози баланд гуфт:
– На дар ватан монанд, на дар ғарибӣ рӯзмон диҳанд. Инҳо чӣ турфа одаманд?!
– Дар байни ин овозҳои бисёр намефаҳмам чӣ мегӯӣ? - Мирзоумед болои ғурфа хам шуд, ва боз сулфааш гирифт.
– Ду сол ҳамроҳашон кор кардеду рӯйи хотири... - гуфт Зулайхо ва боз гиря гулӯгираш кард.
– Барои ҳамин ҳам номашон болшевикбоӣ, ки рӯйи хотир накунанд. - Мирзоумед овозашро баланд кард.
– Келин, ҳаволаи бада ба Худо кунед, - гуфт Мансур ва сӯйи Мирзоумед афзуд: - Шояд аз ҷойи коратон нома биёрам? - Мегӯянд, ки чунин номаҳо ёрӣ медиҳанд.
– Ҳоло не, инҳо аз ҳама гап бохабар. - Овози Мирзоумед ларзид: - Ман аз Эфендиеви ҳамкорам гумонбар будам. Вай ба ин кор дахл надоштааст. Сафари додари Ҷаббор ҳама хабарро овардааст. Суханони он рӯз гуфтаатон баромад. Мани сода ӯро ҳамдеҳа гуфта, меҳмондорӣ кардам...
– Он вақт гуфтед, ки тую Аминро пурсид, дилам гумонбар шуда буд.
– Суханатон “хушёр бош, мавҷи ин дарёи касофат худатро ҳам набарад” рост баромад. - Мирзоумед лабханд кард. - Ман ҳоло дар оғӯши маргбори ҳамон мавҷҳоям. Аз ин оташ дуртар истодани шумо хуб будааст. Корашону маошашон сарашона хӯрад.
– Мирзоумед, “бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд, бигзарад”, гуфтаанд. Иншоаллоҳ, ҳамааш зуд мегузарад. Боз бо ҳам менишинем.
Зулайхо худро ба даст гирифту ҷониби Мансур муроҷиат кард:
– Пурсед, чаро месулфад?
– Хуш ба ҳоли касе, ки зуд зану фарзандашро гирифта, аз ин ватан рафт, – гуфт Мирзоумед бо ҳасрат. – Дигар ин ватан ватани мо нест.
Дили Мансур фишор хӯрд. Ин сухан ба ӯ ҳам тааллуқ дорад. Чандест, ки ин ватан ба вай ҳам рӯйи ошноӣ нишон намедиҳад.
– Ватанро барои ин бехудоҳо намегузорем, – гуфт ба шиддат Мансур. – Чӣ қадар фотеҳон омадаю давр рондаю гум шуда рафтанд. Рӯзи инҳо ҳам гум мешаванд. Дар ин дашту даман бобоҳомон зиндагӣ карданд, мо ҳам набераҳомон ҳам зиндагӣ хоҳанд кард. – Ӯ ба атроф назар андохту пурсид: – Чаро месулфед? Шамол хӯрдед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор