Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мирзоумед заҳрханда карда, чизе гуфтани шуд, ки ду сарбози камондор баромада, “вақти вохӯрӣ ба охир расид!” гуфта одамони атрофро пароканда карданд.
- Пагоҳ ягон чиз лозим бошад, биёрам? Чӣ хӯрок мехӯред? - пурсид Зулайхо.
Дар ғалоғула овози Мирзоумедро нашуниданд. Маъюсу рӯафтода ақиб гаштанд. Мансур фикр кард, ки яқин сулфаи Мирзоумед аз задани муфаттиш аст. Овоза аст, ки муфаттишҳо, ки аксар рӯсҳоянд, маҳбӯсонро сахт мезананд. Вале ба Зулайхо сир надод. Ӯ қадам задаю солҳои бо Мирзоумед дӯстӣ доштанаш пеши назараш меомад. Ибтидои дӯстӣ аз ҷониби Мирзоумед сурат гирифт. Ҳангоме ки дар мадраса мехонданд, ҷавоне “акаи Мансур шуморо мепурсанд” гуфта, партобгоҳи пушти мадрасаро нишон дод. Мансур наздик омада буд, ки ду нафар ба сараш ҳуҷум карданд. Якеро шинохт: он зардинаи бадрӯ дирӯз дар назди нонвойхона аз паси Сумани хоҳари Бибигул кашол шудаю гап партофта буданд, ҳарду занозанӣ карда буданд. Ва акнун ӯ қасосгирӣ омадааст. Дукаса хуб задандаш. Мирзоумед намеомад, ниммурдааш мекарданд. Дар панҷ соле, ки дар мадраса хонданд, ба қавли устодаш Мавлоно Сайфуддин, ин гуна сагҷангашон бисёр шуда буд. Гоҳе шудааст, ки Мансур тарафи Мирзоумедро гирифта шаллоқ хӯрдааст. Хусусан байни шаҳриҳою деҳотиҳо бисёр занозанӣ мешуд. Як даҳон сухани “шумо шаҳриҳои фалон” ё “қишлоқиҳои чиркин” бас буд, ки ҷавонони як мадраса дутарафа шаванд. Вақти тӯйи бачашавони Меҳрубон (дар водии Зарафшон ба фарзанди аввал ба ин ном тӯй медиҳанд) Мирзоумед тӯйи улоқ дод. Дар ними бозӣ Мансур бо марди рӯсурхи манаҳаш пеш баромада тӯю ман кардаю гиребони ҳамдигарро гирифтанд, ки Мирзоумед аз пилаҷо фуромада омаду лаҷоми аспи мардро дошта бо оҳанги омирона гуфт: “Ба меҳмони ман нарасед!” Дар маърака сухани соҳибтӯйро паҳлӯ намегардонанд. Мард димогсӯхта шуда аз бозӣ баромада рафт.
Баъди хондани мадраса ҳам онҳо мудом ба хонаи ҳамдигар равуо мекарданд. Мардҳо набошанд, занҳояшон назди меҳмон ду-се ҳамсояро даъват карда, меҳмондорӣ мекунанд. Қариб бист сол аст, ки бадин тарз рафиқӣ доранд. Ва тақдир будааст, ки дар як вақт кулакшон карданд. Ҳамроҳ гурехтаю Бухоро омаданд. Ва ана акнун Мирзоумед дар зиндону аз дасти Мансур коре намеояд. Ва ин андеша ки ӯро халос карда наметавонад, аламашро бештар меорад.
Баҳори соли 1922 комиссияи диктатурӣ, ки чун гурги гурусна дар авҷи дарондану хун рехтан буд, тафтиши кори Мирзоумедро тезондаю ҳукми Сибир карданашро баровард. То он вақт Мансур ҳар рӯз аз кор барвақт ба хона мемаду хӯрок гирифта, ҳамроҳ бо ҳамсари Мирзоумед ба ҳабсхона мерафтанд. Чун роҳ то ҳабсхона дур буд, гоҳ ароба меёфтанд, гоҳ пиёда мерафтанд. Зулайхо, ҳаво гарм бошад ҳам, фаранҷӣ мегирифт. Мансур боре аз рӯи дилсӯзӣ гуфт:
– Келин, шояд шумо овора нашавед?
– Дар байни ин деворҳо дигар чӣ коре мондааст? – итоб кард Зулайхо. – Ақаллан як бор чашмам ба чашмаш меафтид. – Гиря гулӯгираш кард.
Мансур аз гуфта пушаймон буд. Аз дарвоза ки берун шуданд, Мансур ғум-ғум кардаю шеър хонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор