Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Бале, онро, ки зиндонист ёраш,
Ба ҷуз зиндон куҷо бошад қарораш.
Ва афзуд:- Келин, маро бубахшед, мо мардҳо аз азал беназокатем.
Чеҳраи зан кушода шуда гуфт:
– Шеъре, ки хондед, гуноҳатонро бурд.-Ва боз илова кард:- Шӯмо гуноҳ надоштед.
Аробасавор мерафтану Мансур фикр кард, ки Зулайҳо ба чанд даромада бошад? Ба чил рафтагист. Айёме, ки зан бештар шавқманди зиндагию шавҳардорист. Ба ҳар ҳол аз рӯи таҷрибаи худаш чунин менамояд.
Ҳангоми аз ҳабсхона баргаштан зани Нусратбойи нонвойро ҳамроҳи писари калониаш Аҳмадҷон диданд. Баъди зиндон кардани шавҳар зан бо се кӯдак бесаробон монда буд. Ӯ гуфт, ҳар вақте ки ба кор меравад, аз асп хавотир мешавад. Мансур ҳамон бегоҳӣ аспро оварда, дар гӯшаи ҳавлии худашон ҷой кард. Баъди се рӯзи ин воқеа Мирзоумед хабар дод, ки имшаб онҳоро ба поезд савор мекунанд. Вай ҳоло камгап менамуд. Овозаш базуре мебаромад. Маълум буд ки сахт задаяш.
“Имшаб савор мекардаанд.” Зулайҳо бо таҳлука сухани шавҳарашро такрор кард ва гӯё бори вазнине зераш карда бошад, фаранчиро башиддат боло бардошта бо гиря ба дарахти тут такя кард. Дар назди ҳамаи ғурфаҳо одам бисёр буд. Ҳама бо овози баланд сухан мекунанд. Ҳамсӯҳбатро базур мешунавӣ.
Мирзоумед одамони атрофро тела дода, сарашро ҳам карда, ба оҳанги ҳам меҳрубонӣ, ҳам ситезмандӣ гуфт:
– Гӯш кун, Меҳрубон (номи занашро ба номи духтараш гирифт). Худатро мардона дор. Аз қисмат гурехтан намешудааст. (ӯ сулфааралаш суханашро давом медод) Худат шоҳид будӣ, аз Найзаварон гурехтаму ин ҷо ба даст афтодам. Шумо раведу чакману мӯзаҳояро ба вокзали Когон биёред. Моро шабона савор мекунанд.
– Ягон касе ҳаст, ки ба ин корҳо ёрӣ карда тавонад, шумо шояд медонед? – пурсӣ Мансур.
Мирзоумед ба маънии “намедонам” китф дарҳам кашид.
Мирзоумедро ақиб тела доданду марди каллакалоне ба ҷои ӯ сарашро берун карда, ба одамонаш, ки таги тиреза ҷамъ омада буданд, дар гуфтугӯ шуд.
Зулайҳо ҳамчунон рӯяш ҷониби ғурфа меистод, ки Мансур ӯро ба худ овард:
– Келин, дер мекунем.
– Дирӯз мегуфт, тӯшаи роҳ тайёр мекардам, – гуфт Зулайҳо ба алам.
– Келин, тӯшаро аз бозор мегирем, – гуфт Мансур ва аробаеро дошта, аввал ба бозор даромаданд. Азбаски соли гуруснагӣ буд, ду бозорро гашта нон наёфтанд, каме мағзу мавиз гирифтанд. Ба хона омаданду Зулайҳо зуд хамир човидаю ду хомсӯз пухт, ғӯлингу чормағз ҳам гирифт. Ҳангоме ки як пос аз шаб гузашта буд, ба вокзали Когон расиданд. Чун моҳи рамазон буд, Мансур куҷо рафта ҷою нон ва бодиринг ёфта оварду дар гӯшаи рӯза кушоданд.
Мисли онҳо мусофирон зиёд буданд. Дар ҳавои гарм, ки ташна монда буданд, аксар обкобию чойкобӣ мекарданд. То рӯз интизор шуданд, вале маҳбусонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор