Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
наоварданд. Пас аз он ки офтоб баланд шуд, афсаре аз рӯйи дилсӯзӣ гуфт: “Дар офтоб нашинед, маҳбусонро баранд ҳам, шабона мебаранд”!
Мансур пешниҳод кард, ки ба хона рафта дам гиранд, бегоҳ боз ароба гирифта меоянд. Зулайхо розӣ нашуд. “Яке рӯзона баранду набинем”,-гуфт. Пагоҳӣ чизе нахӯрда рӯза гирифтанд, рӯзаи марямӣ. Мисли онҳо чизе нахӯрда рӯза гирифтаҳо бисёр буданд. Он рӯз ҳам торикӣ фуромаду аз маҳбусон дарак нашуд. Имшаб дар вокзал одам бештар буд. Дар перрон, таги дарахтони атроф ҷойи сӯзанзанпартой нест. Ҳар гоҳ садои бонги поезд ё тақ-таки роҳгардиашро шунаванд, ҳама беқарор шуда аз ҷой мехестанд. Зулайхо гоҳ-гоҳ пичирос мезад: “Худоё, ба дили душманонаш раҳм андоз. Аз банду зиндони кофирҳо раҳояш кун.” Ними шаб маҳбусонро оварданд. Наздик рафтан намемонданд. Атрофашонро сарбозони камондор печонданд. Роҳтушаашонро мегиранду худашонро ба пас тела медиҳанд. Онҳо пайвандонро дида, фарёд мекунанд. Баъзеҳо бо овози баланд гиря мекунанд.
Мирзоумед ҳамроҳи дастаи пасин омад. Ҷомаш зери каш, дар сараш саллаи осмониранге, ки дар маъракаҳо мебаст. Нигоҳаш Зулайхоро меҷӯяд. Зулайхо ҳам баробари Мирзоумедро дидан давида роҳтӯшаро доданӣ шуд, ки сарбози навҷае бо дагалӣ онро аз дасташ кашида, ҷониби қатор ҳаво дод. Ва ҳамчунон бастаҳои се-чор нафарро низ ба-дин тарз гирифта партофт.
– Зулайхо, наздик набиё! Намехоҳам дасти нопоки инҳо ба ту расад,-гуфт Мирзоумед ва рӯймоли нонро, ки ду-се қадам дуртар мехобид, бардошт ва ба овози баланд сулфида илова кард:- Паноҳатон ба Худо! Ман меоям. Нашавад, гурехта меоям! Сухани охирашро ба таъкид гуфт ва ба тела додани сарбоз эътибор надода афзуд:
– Мансурбой, хонаю дарамро ба шумо амонат месупорам! Амонат месупорам! Фаҳмидед, амонат!
Ду нафар сарбоз Мирзоумедро ҷониби вагон тела доданд.
– Одамхӯрҳо! – гуфт Зулайхо ва бо садои баланд гиряро сар дод. Он лаҳза аз ҳар тараф овози гиря меомад.
Бадарға кардани Мирзоумед Мансурро ҳам тарсонд, ҳам дилмондаи ёру диёр кард. Пешомадашро фикр карда дилаш сиёҳ шуд. Ӯро минбаъд дар ватанаш унсури бегона меҳисобанд. Ҳоло роҳ мераваду ба пасу пеш менигарад, ки мабодо дастгираш кунанд. Хоб равад ҳам, бо тарс хоб меравад. Бояд аз ин ҷо рафт. Аммо ба куҷо? Ё як муддат ба Афғонистон равад?.. Чанд рӯз чунин фикрҳо гаштаю баргашта ба сараш меомаданд. Пештар агар мешунид, ки касе ба Афғонистон рафтааст, мӯйи баданаш мехест. Чӣ хел мешудааст, ки аз ватан, аз хонаю дари бобоӣ ҷудо шуда, дар ҷойи бегона умр гузаронӣ? Акнун он рӯз ба сари худаш омадааст. Ин чӣ рӯз шуд? Дар зодгоҳат ҷо намедиҳанд. Низом-махдум хуб кард, ки рафта ба армияи Анварпошо ҳамроҳ шуд. Мансур бо фикрҳои парешон дар даруну беруни бозор сар-сарӣ гашту тарафи бегоҳ ба хонаи Низом-махдум рафт. Аз рӯйи гуфтаи писараш ӯ бояд аз Балҷувон омада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор