Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
бошад. Ба хона наздик шуду аз дур дид, ки дарвоза кушодаасту Низом маҳдум халтаҳои пурборро ба таҳхона мекашонад. Хона надаромада, сӯҳбат карданд. Маълум шуд, ки ӯ чор рӯз боз ин ҷо будаасту ду ҳафта пас боз ба Балҷувон, ба хонаи аммааш мерафтааст. Аллакай зану фарзандҳояшро фиристодааст. Халтаҳои бордор баъзе анҷомҳои рӯзгор будааст, ки ба таҳхона дароварда мемондааст.
Онҳо каме сӯҳбат карданду Низом маҳдум маслиҳат дод, ки Мансур агар ин ҷо тарсу бим дошта бошад, хубаш писарашро ҳамроҳ гираду ба Балҷувон раванд. Он ҷо барои бо болшевик ҷанг кардан шароит ҳаст. Кӯҳу дарахтҳои хуб дорад. Рафту ба корҳояшон шикаст афтад, як муддат ба Афғонистон мегузаранд.
— Чаро ба Афғонистон? — гуфт Мансур норозиёна. — Ҳамроҳи Анварпошо будед... Ин ҷо овоза ҳаст, ки Анварпошо болшевикҳоро зада ин тараф меояд...
— Корҳои Анварпошо дар аввал хуб буд. Баъд ин тоҷику узбекҳои ҷабборзадаи мо дутарафа шуданду... Мо ба Афғонистон равем ҳам, бисёр намеистем. Русҳо ин ҷо чӣ қадар мемонанд? Кори олам ба як ранг нест...
“Корҳои Анварпошо дар аввал хуб буд”, дар дил такрор кард Мансур ва ба пурсидан забонаш нагашт. Низом маҳдум саросема менамуд. Ӯ ҳам “Балҷувон равем, он тарафи корро мебинем”, гуфту парешонвазъ аз дарвоза баромада, Мансурро гусел кард.
Мансур дар роҳ фикр кард, ки чӣ гуна ба Зулайҳо мефаҳмонад, ки ҳамроҳи Ҷовид аз ин диёр меравад. Ба хона омада, аз номи Зулайҳо ба домодаш Фирӯз Асрорӣ хат навишт, ки дар шаҳр танҳо мондааст. Ва худ барои сафар тайёрӣ дид. Субҳи рӯзи шанбе ба бозор рафта, барои ду-се моҳ ба Зулайҳо орду биринҷу дигар маҳсулот харида, оҳиста вориди дарвоза шуду дид, ки Ҷовиду Зулайҳо дар рӯйи суфа нишастаанд. Овози Зулайҳо ба гӯшаш омад: “Аз афташ падаратро ҷинҳояшон безобита карданд, ки ба куҷо тараддуди сафар доранд.” Ба дилаш омад, ки Бибигул ҳам ҳар гоҳе омодаи сафар медидаҳ, ҳамин суҳбатро мегуфт. Ӯ дарвозаро пӯшиду “сӯҳбат доред?” гуфта, ба давраашон пайваст. Дар ҳавои гарм арақшору нафастанг шуда бошад ҳам, дасташ нарафт, ки назди зан тугмаи гиребонашро кушояд. Ба зан, ки дар тан камзӯл дошт, нигоҳаш афтиду фикр кард, ки аз рафтани Мирзоумед қариб ду моҳ гузаштаасту ӯ ҳамчунон мусибатзада аст. Раҳматии занаш мегуфт, ки Мирзоумед ба ҳар тори мӯйи зани ҷавонаш меларзад. Моли хубро ҳар кас ҳам эҳтиёт мекунад. “Бибичон, худатро ман кам меҳрубонӣ мекардам? Аз афташ меҳрубонӣ кардаму эҳтиёт накардам. Акнун ман барои ту месӯзаму Зулайҳо барои Мирзоумед. Ҳар гулеро як доге”.
Мансур аз дур сухан сар кард:
— Келин, дар ин олам ҳар неку баде, ки мешавад, аз тақдиру пешонист. Аммо одам ба Холиқи якто такя кардаю аз раҳматаш умедвор мешавад, ки ояндааш хуб бошад.
— Ҳамин тавр, дигар чӣ коре аз дасти банда меояд? — гуфт оҳиста Зулайҳо. Ӯ фикр кард, ки Мансур тасаллояш медиҳад. “Ин қадар ғам нахӯрину он...” гӯшбақимор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор