Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Раҳмат, келин, - Мансур бештар ҷониби Ҷовид нигариста, афзуд: -Баъд аз ду рӯз ману Ҷовид як муддат ба тарафҳои Душанбе меравем (Номи Балҷувонро нагирифт).
-
Ман ин ҷо бо кӣ мемонам? - Зулайхо, ки интизори чунин сухан набуд, итоб кард.-Дар шаҳре, ки як шинос надорам?
-
Шумо танҳо намемонед.- Мансур табассум карду аз ҷайбаш номаеро бароварда афзуд: -Ба Фирӯзи домодатон хат карда будам, ҷавоб омад, ки аллакай ба таътил баромадасту баъди як ҳафта ҳамроҳи Меҳрубон меомадааст.
-
Ҳамроҳи Меҳрубон меомадааст?-Чеҳраи зан аз хурсандӣ арғувонӣ шуд. - Илоҳо барака ёбед. Чӣ кори хуб кардаед. Илоҳу бурси сабз гардед.
Мансур аз наздик дандонҳои қанд барин сафеди занро диду табассум карда афзуд:
-
Домодатон биёед, шояд ин ҷо ба кор медарояд. Муаллимҳоро зуд ба кор мегиранд.
-
Кош ҳамту шавад,-гуфт зан ва рост ба Мансур нигариста пурсид:
-
Шумо кай меоед?
-
Насиб карда бошад, тез бармегардем. -Боз хабар медиҳам,- гуфт Мансур. Зан таҳковӣ кард:
-
Шумо барои он меравед, ки мисли Мирзоумед зиндонатон накунанд?
-
Ҳар чӣ ҳаст, як муддат меравам, - Мансур даст ба китфи Ҷовид ниҳод ва суханро ба дигар тараф бурд.-Фирӯз меояд... Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Мирзоумед ҳам зуд мегарданд. Он кас гуноҳ надоранд. Худашон ҳам ҳангоми гусел ваъда карданд, ки зуд меоянд... - Мансур ба рӯйи зан нигоҳи кӯтоҳе андохт ва хеста дар офтоба об гирифт.
Пагоҳӣ Мансур намоз хонда аз хона баромад, ки зан атрофи суфаро об задаю рӯфта, дастархон партофтааст. Чой овард ва як лаган кулчаҳои ширмоли гармро оварда, ҳамаро ба рӯймол баст: “Тӯшаи роҳ мекунед ”гуфт.
-
Шаб хоб нарафтед?-Мансур ғарқи ҳайрату миннатдорӣ ба зан нигарист.
-
Як шаб хоб нарафтам, ҳеҷ гап не. - Зулайхо Ҷовидно, ки ҳанӯз хоболуд буд, зуд-зуд бӯса кард. - Маро партофта меравед? - гуфт бо оҳанге, ки лаҳни маҳрамона дошт (ба Мансур чунин намуд). Ва бо нигоҳи маҳзун ҷониби Мансур нигариста, афзуд: - Маро фаромӯш накунед. Ба ғайр аз шумоён касе надорам?
-
Албатта, албатта, - Мансур низ нигоҳе ҷониби зан андохт ва лаҳзае аз сафари пеш гирифтааш пушаймон шуд. Оё ин ҷавонзанро дар ин шаҳри ноошно партофта рафтанаш хуб аст? Вале дар беруни шаҳр интизор будани Низом-маҳдумро ба хотир оварда, ҷойи дасташро саросема нӯшуду хест. Дастархони нонро ба хӯрцин ҷой карда, аспро берун баровард.
Онҳо дар баромади шаҳр бо Низом-маҳдум вохӯрда, тарафи бегоҳ ба деҳаи Ғиждувон, ба хонаи Нуриддини самоварчӣ омаданд. Нуриддин марди фарбеҳ буд, риши паҳни мошу биринҷ дорад: онҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт. Болои сабзаҳои назди ҳавлӣ палос партофта обу зиёфати хуб кард.
Дар танҳоӣ Низом-маҳдум гуфт:
- Бо ин одам мо ҳашт сол пеш дар як тӯй ҳангоми човандозӣ шинос шуда будем. Бузро ҳамроҳ ба пиллаҷо оварда партофтем, солим як чароғи лампа ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор