Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

як либоси алочаи хом буд. Пай бурдам, ки дили ин одам ба чароғ кашол, чароға дода гуфтам, ки дар деҳа чароғ заруртар аст, хурсанд шуд. Дар сари роҳи деҳа чойхона дошт. Ҳоло на он чойхона монду на одаме, ки дар он ҷой нӯшад.

Мансур ба хонаи ҳамсоя, ки беодам менамуд, зеҳн монда, аз Нуриддин пурсид:

– Ҳангоме ки аз байни деҳа мегузаштем, мушоҳида кардам, ки бисёр ҳавлиҳо дару деворҳояшон шикаставу бесоҳибанд?

– Чӣ гӯям?- Нуриддин оҳ кашид ва дар чеҳрааш гарди озору андӯҳ нишаст ва ба нақл шурӯъ кард: - Аз ҳамон рӯзе, ки амир аз Бухоро гурехта, ба деҳаи мо омада як шаб хоб рафт, ду сол гузашта бошад ҳам, мо то ҳол рӯзи хушро надидаем. Гӯё наҳсашро ин ҷо монду худ гузашта рафт. Дар хонаи Абдуллобойбача хоб рафт. -Мо аз ҷониби модар ба он кас хешӣ дорем. Баъди рафтани амир болшевикҳо омада фаҳмиданд, ки дар хонаи Абдулло шабро ба рӯз бурдааст, хонаи он бечораро талаю тороҷ карданд. Як қисмашро сӯзонданд. Ҳоло зану кӯдаконаш дар хонаҳои мардуму худаш бедарак.

– Дар Бухоро дар дигар шаҳрҳо ҳам касе бо амир шиносӣ ё дӯстӣ дошт, ҳамин рӯзро ба сараш оварданд,-гуфт Низоммаҳдум.

– Ҳамон рӯзи омадани амир, ба хотирам ояд, мӯйи баданам рост мехезад.- афзуд Нуриддин.- Гӯй ки маҳшар шуда буд. Халқи бисёр, тахминан ҳафтодҳаштсад ҳазор савораю пиёда ҳамроҳаш. Сокинони деҳаҳои гирду пеш гурехтанашро шунида, хурду бузург, ҳатто занҳо аз пасаш мерафтанд. Ва ҳама “Во дино!!! Во шариато!!! Во амиро!!! Во сайидо!!!” - гӯён фарёду фиғон бардошта мемонданд. Гӯй як сели пурдаҳшату пурсадо ба деҳа ҳуҷум мекард. Амир ҳам баробарашон фиғон мекард. Ва ҳар вақт фаши бардоштаашро кашида оби бинию чашмони сурх шудаашро пок мекард. Одамон дар ҳолати беҳушӣ худро ба дару девор мезаданд. Занҳо мӯйҳоро парешон кардаю хурӯшону гардон рӯйу мӯй меканданд. Баъзеҳо ба замин меафтаду аз даҳоношон кафк мерехт.
Баъзеҳо таги по мемонданд ва касеро парвои касе набуд. Ин ҳолати ҳавлнок ним соат барин давом кард. Пас чанд муллои номдор ба байн даромада «Хости Худо чунин будааст! Дар тақдирамон ин рӯз будааст. Ношукрӣ накунед! Қаҳри Худоро наоред” - гуфта мардумро ба ифоқа оварданд.

– Амир аспакӣ буд?-пурсид Мансур.

– То ин ҷо бо мошин омад. Пас бензин наёфту он тараф аспакӣ рафт.
Ҳамон вақт ҳабдаҳ нафар ҷавонони моро, баъзеҳоро ба хоҳиши худ, баъзеҳоро калонҳои деҳа ба роҳ андохта, ба рикоби амир ҳамроҳ карданд. “Ҳифзи подшоҳ фарз аст” гуфтанд. Аз онҳо се нафар баргашт; аз дигарҳо то ҳол на хат ҳасту на хабар. Баъди ду ҳафта кӯшуни рус даромад. Аз деҳа чордаҳ нафарро бой карда баъзеҳоро паронданд, баъзеҳоро Бухоро бурда ба зиндон андохтанд.
Онҳоро ҳам нобуд карданд. Он бечораҳо тиҷорат мекарданду пулдори калон набуданд, баъзешон деҳқонӣ мекарданд. Одамони дасткушод буданд. Маҳсули дастранҷашонро ҳам худашон мехӯрдану ҳам умраю кавсан гуфта ба беваю бечора медоданд. Хонаҳои он бечораҳоро низ тороҷ карданд. Шаб хоб рафта пагоҳӣ оташ заданд. Фарзандонашон дар кӯчаҳо сарсон монда, мӯҳтоҷи дари мардум шуданд.

пешина
аз 613
навбатӣ