Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Низоми - махдум, ки ин қиссаҳоро шунида буд, чойникро наздаш гирифта “чойи хуштаъм кардег”, гуфт.

  • Сергапӣ кардам?- Нуриддин ҳиҷолатманд шуд ва афзуд:-Ку, хабар гирам, харбузаи пухтагӣ дошта бошад?..- ва ба полез даромад.
    Мансур аз гуфтаҳои Нуриддин ҳайрон шуд ва фикр кард, ки ҳоли кӯдакони ин деҳро кӯдакони дигар шаҳру деҳот низ доранд. Дор куҷое сар халонӣ, онҳоро дар кӯчаю паскӯчаҳо, дар дари мардум мебинӣ. Афсурдаго урёну дидаҳо пуробу дилҳо пурхун...
    Нуриддин ду ҳандалаку ду харбуза оварда гуфт:
  • Ба шарофати шумо харбуза нишона додааст.
  • Амир аз хазинааш бор оварда буд?-оҳиста сӯҳбатро идома дод Мансур.
  • Даракдоштаҳо гуфтанд, ки дар панҷ-шаш аробаи чорчархаи хӯқандӣ саноҷҳои тилло бор карда оварда будааст. Тахмин меравад, ки аз хазинаи Бухоро чизе гирифта натавонистааст, ҳар бойигарие, ки дар Ситораи Моҳи Хоса будааст, ҳамонро гирифтааст. Ва тиллое, ки баъзе ҳокимҳои атроф ҳангоми гурехтанашон бардошта наздаш омаданд, соҳибӣ кардаю бор кардааст.
  • Суханатон ҷон дорад,-гуфт Низом - махдум.-Дар он маҳшари тӯпу тиру бомбазанӣ аз тарси ҷон хазина ба ёди касе намеомад.
  • Вале аз рӯйи гуфти шоҳидон аз он бор ҳам як дона насибаш накардааст,-гуфт Нуриддин.-Баъди рафтанаш ҳафтае гузашту хабар омад, ки аскарони болшевик ҳама тиллои ҳамроҳаш бурдаю зада гирифтаанд. Аэропланҳо ду рӯз дашту кӯҳҳои атрофро чарх зада, роҳи корвонро пайдо карда, хабар додаанду баталионе, ки асосан аз казакҳои атрофи Ҳафтрӯд будаанд, аз пасаш шудаанд. Дар дашти Ғиштӣ корвонро дарёфтанд. Он ҷо байнашон задухӯрд мешаваду казакҳо як қисми аробаҳоро зада мегиранд. Чуз саноҷҳои тиллоро мебинанд, дигар касеро гӯш накарда ба талаю тороҷ медароянд. Сардастаҳо мебинанд, ки ҳаёҳуяшон таъсир надорад, худашон низ ба толонгарҳо ҳамроҳ мешаванд. Дар ин муддат амир хеле дур меравад. Вале шавқи тилло зӯрӣ мекунаду аскар боз ӯро дарёб карда, дигар аробаҳоро ҳам тороҷ мекунад. Охирин уштурҳояшонро дар байни дарёи Зарафшон мепаронанд. Баъди он баталион ба қафо гаштааст. Амир дасти холӣ роҳи гурезро идома додааст.
    “Моли мумсик - хӯроки бебок” гуфтаанд.-тамасхур кард Мансур.- Ҳамаи гуфтаҳоятон рост. Ҳангоме ки ба Ҳисор рафту ҷангро пеш гирифт, тиллодориаш маълум набуд. Агар сухани силоҳ мебаромад, одамонаш мегуфтанд, ки пул бошад, силоҳро аз Афғонистон ҳам ёфтан мумкин.
    Нуриддин харбузаҳоро пора карда, суханашро идома дод:
  • Боз як сабаби кам шудани одамони деҳа дар он аст, ки баъзе домуллоҳои хушёр дар ҳамон шабу рӯзи ҷанги Бухоро “дар ин кишвар дину оин намонд” гуфта, кӯчу борашонро бардошта, ба ҳар тараф рафтанд. Аввали ҳамин сол Абдуқаҳҳори ҳамшаҳрамон (ӯ аз деҳаи Ғиштист, аз Ғиждувон ҳафт километр берун) ба сухани калонҳо гӯш надода, ба тавраш ҳамият карда, бар зидди болшевик хесту ҷавонҳоро ҳамроҳаш гирифт. Чунон ки медонед, шикаст хӯрду бо як қисми аскараш ба куҷое ғайб зад. Ними одамонаш мурданду ними дигар
пешина
аз 613
навбатӣ