Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҳоло ҳам дар гурезогурезанд. Ҳуллас, ду сол аст, ки як балое мисли гирдбоди марг дар деҳа гаштаю мардҳоро бо худ мебарад.
– Ҳама шаҳру деҳот ҳамин ҳолатро доранд, -гуфт Низом - махдум.-Ними аҳолии Бухоро бедарак шуд. Ҷойи онҳоро турку тотору рус гирифт.-Ӯ табаки ҳарбузаро наздики Мансур давонда, афзуд:- Сӯҳбатамонро дигар мекунем. Ин қиссаҳоро гуфтан гиред, дил сиёҳ мешавад.
Мансур ночор саволи нӯги забонаш омадаро изҳор накард.
Сафаракиҳо як ҳафта роҳ гашта, ба Душанбе расиданду дарак ёфтанд, ки кӯшуни Анварпошо ақибнишинӣ карда, ҷониби Қурғонтеппа рафтааст. Се рӯз шудааст, ки аскари сурх ҳама шаҳру деҳаҳоро аз пас тасарруф кардаю ҳукумати Шӯроро барқарор карда равон аст. Ин хабар Низом - махдумро дар таҳлука андохт. Дилаш сиёҳ шуду раҳравон гуфт:
– Аз рӯзе, ки дар байни сардастаҳои мо нотифоқӣ рух дод, яқин буд, ки ҷангро бой медиҳанд.
Нисфирӯзӣ дар даромади Қофарниҳон, дар сояи беди лаби рӯд, барои фароғат истодаю аспҳояшонро ба юнучқазори ғарқи гул раҳо карданд. Қитъа-қитъа гандуми заминҳои атрофи рӯд кайҳо пухта сафед шудааст. Ҷои байни гандум моҳҳо мечариданд. Мошу боқила ҳам пухта буд. Дарахтони себу зардолуи марзҳо кайҳо пухтаю рехта, дар зерашон тӯда-тӯда пӯсида хобанд. Ба истиснои заминҳои дури домани кӯҳҳо дар атроф одам намебинӣ. Ҳама дар ихтиёри зоғу заған. Маълум аст, ки мардум аз ҷабри талаю тороҷи муҷоҳид ва омад-омади урус тарсида, дастранҷашонро партофта, ба кӯҳҳо фирор карданд.
Дар шибирзори соҳили рӯд ҷомаҳоро партофта, то паст шудани ҳарорати ҳаво дам гирифта, чой нӯшида, сӯҳбат карданд. Ҷовид ҷониби дарахти себ, ки суп-сурх пухтааст, рафт.
Мансур чойҷӯши дуюмро ҷӯшонда оварду сӯҳбаташонро идома доданд:
– Низом махдум, ҳукумати нав ин ҳама куштору гурезогурезро мебинаду чаро пешашро намегирад? Мебахшед, худатон боре гуфта будед, ки Файзуллоҳ ҷавон бошад ҳам, донишманд аст ва ҳаммаҳалла ҳастед. Напурсидед, ки чӣ ният дорад? Ҳамаи муллою бойю деҳқон равад, бо кӣ ҳукумат мекунӣ? Ватана ҳаминҳо ватан мекунанд.
Дар пешонии васеи Низом махдум ожангҳо ҷамъ шуданд, оҳи ба дард кашида, лаҳзае, рӯ ҷониби рӯд, хомӯш монд. Пас мисли шахсе, ки дилашро холӣ мекунад, ҷомаашро таги китф монда ба сухан даромад:
– Хуб, бароятон мегӯям, ки ин воқеаҳои талху шӯр аз кай шурӯъ шуданд, ва саранҷом ба чӣ оварданд. Ба Файзуллоҳ аз наздик шинос шуданам зимистони соли 1916 дар як маърака рӯй дода буд. Худатон медонед, ки он солҳо байни муллоҳо ва таҷаддудхоҳон барои ҳар кори нав баҳсу ҷанҷол мешуд. Боре ман ҳам ба ҷангҷол ҳамроҳ шудаму дар он гирудор се-чор муллоро задаю аз бом поин партофтам. Ҳамон бегоҳ ёрон маро ба хонае даъват карданд. Он ҷо қариб сӯ нафар менишастанд. Аксарашон шахсони намоён буданд. Ду нафар олуфтаҳояшон низ ҳузур доштанд. Маро дар паҳлӯи онҳо ҷой дода гуфтанд, ки ин ҷо панҷ нафар ҷавони бағайрати шаҳрамонро даъват кардаем, то ки ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор