Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷамъияти “Тарбияи атфол” бипазирем. Ман, ки аз кори “ҷамъият” огоҳ будам, розӣ шудам. Дар он давра Файзуллоҳ Хоҷа ҳам буд. Он ҷо суханҳое мегуфтанд, ки ман бори нахуст мешунидам. Хулосаи сӯҳбаташон чунин буд, ки дар Урупо ва Туркия донишмандҳояшон муттасил талош карда ҳатто ҳангоми зарурат хун рехтаю ҷон бохта, подшоҳу амиру султонҳои худкомаро аз байн мебардоштаанд. Сохти кишварашонро ҷумҳурӣ мегуфтанд ва минбаъд мардумашон ҳукумате интихоб мекардаанд, ки барои халқу ватан дилсӯз бошад. Аз доираи қонун берун по ниҳад, газетаҳо рӯирост танқид мекунанд. Даҳлу харҷи кишвар зери назорати вакилон будааст. Парлумон дид, ки подшоҳ ба корҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳад, ба ҷояш шахси дигарро интихоб мекардааст. Мо ҳам одамем, нону оби ин заминро мехӯрем, бо духтаронаш ишқ меварзем, хонаю дар мекунем. Мо ватанамонро обод накунем, кӣ мекунад? Дар он давра Файзуллоҳи ҷавон бо фасоҳат ва олимона сухан мекард. Ва чун аз гузари мо буд, ҳаводораш шудам. Фитрат ки он рӯзҳо аз Туркия омада буд, ҳамон ҷо аввалин маротиб дидам. Вай гуфт, ки ин корҳои мо дар ҳаққи халқу ватанамон аст. Мо баҳри ватан ҳатто ҷонамона дареғ намедорем. Қавмҳои оянда дар ҳаққи мо хоҳанд гуфт: “Онҳо пешоҳанг буданд ва шуҳратёр шуданд”. Вай аз ин маъни бисёр суханҳо гуфта ҳамаро ба ваҷд меовард. Ба мо, олуфтаҳо, гуфтанд, ки аввали тирамоҳ шуморо барои таҳсил ба Туркия мефиристем. Харҷи роҳу таҳсилро “ҷамъият” медиҳад. Мо розӣ шудем.

Мо он рӯзҳо бо баровардани газета, тарҷума ва паҳн кардани адабиёти русу Урупо, зиёд кардани мактабҳои сохти нав аз дилу ҷон даву тоз карда, ёрӣ медодем. Худамон пул ҷамъ кардаю китобҳои лозимиро, аз он ҷумла китоби Аҳмади Дониш “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития”-ро чоп карда, бепул ба хонаҳо тақсим мекардем. Пешвоҳо таъкид мекарданд, ки тарҷума карданро ёд гирем, осори бадеию таърихии дигархалқҳоро тарҷума кунем. Хуллас завқи кишварро ба роҳи илму амал бурдан, мардумро аз маданияти замона огоҳ кардан дар дили мо шӯъла мезад. Ба ҳамин фикрҳо хоб кардаю мехестем. Ҳамроҳу ҳаводорони мо рӯз то рӯз меафзуд. Вале ба сабаби он, ки падарам ҳамон тобистон ба бемории марговар гирифтор шуданд, ман ба Туркия рафта натавонистам. Корҳои мо то рӯзе, ки амир фармони ислоҳотро доду аз уламои тараққихоҳ ду нафарро масъул кард, пешрав буд. Баъд баъзе рафиқон ба сухани калонҳо гӯш накарда, ба таврашон намоиши “шукрона” ташкил карда, ҷониби Арк рафтанд. Дар ин соат як гурӯҳ муллонамоҳои зидди ислоҳот бо садои “Во шариато! Во дино! Во саидо!” -гӯён ғавғо бардошта мисли филҳои ҷангӣ ба сарамон тохтаю гурӯҳи моро зада маҷрӯҳ ва парешон карданд. Дар ин гурӯҳ қозии маъзул Бурҳониддин пешво буд. Аз ҳамон рӯз сар карда, азоби мусофирию дарбадариамон шурӯъ шуд. Ман аввал ба Когон, пас ба Тошканд рафтам. Дар Тошканд ҳам, бо даъвати Файзуллоҳ, ба ҷамъияти болшевиқҳо пайвастам. Ростӣ, он замон зиндагии озод, баробарӣ ва демократия, ки болшевиқҳо таърифу тавсиф мекарданд, ҳавасамро меовард. Ин буд, ки ман ҳам муштоқи инқилоб шудаму ба болшевиқҳо ҳамкорӣ кардам. Рӯзе шуд, ки ҳамроҳи дигар рафиқон тиру туфанг бардошта, ҷониби Бухоро ҳаракат кардем. Наздики шаҳр омада пас мушоҳида кардам, ки болшевиқҳо лашкари

пешина
аз 613
навбатӣ