Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
зиёд овардаанд. Мо ҳайрон мешудем, ки ин қадар аскар барои чӣ ва аз куҷо онҳоро ҷамъ кардаанд. Ва ҳамон рӯзҳо мо пай бурдем, ки гуфторашон дигару корашон дигар аст. Хусусан пас аз он ки Фрунзе юришро шурӯъ кард, дағою дағалиашон кушоду равшан шуд. Ҳангоме ки ба Бухоро наздик шудему қасру кушкҳо аз дур намоён гардиданд, дилам ба тапиш даромад. Ҳис кардам, ки ба кори хатое даст задаам. Чунон ки медонед, дар рӯзи аввали ҷанг ҳам навкарҳои амир, ҳам баъзе гурӯҳҳое, ки дар дохил дар атрофи девори шаҳр ҷангҳои пинҳонӣ мекарданд, корнамоӣ нишон доданд. Аскари болшевикро намонданд, ки ба шаҳр дарояд. Лекин мо медонистем, ки ин ҳама дар муқобили артиши рус “давидани гӯсола то кахдон” аст. Ҳамон бегоҳӣ гап-гап шуд, ки пагоҳӣ шаҳрро бо аэропланҳо мезананд. Хостем пеши ин ваҳшониятро бигирем. Баъзеҳо розӣ шуданд, баъзеи дигар зид буданд. Ҳатто бо коммунистҳои худамон кордзанӣ кардем, аммо суханамон нагузашт. Шабона чанд нафар тағйири либос карда, пул дода, бо роҳи пинҳонии байни девори дарвозаҳои Қарокӯл ва Таллипоч ба шаҳр даромадем. Ва рӯзи дигар қиёмати ба сари шаҳру мардумонаш омадаро дидем. Дидем, ки Арк, хонаҳо, биноҳои маъмурӣ бо одамон метаркиданду аз он ҷо оташ фағона мезад. Мардуми тӯпу таркишро дар умраш надидаю нашунида, бо чашмони аз тарс аз косахона беруншуда дар таҳхонаю чағораҳо ҷо мешуданд. Занҳо кӯдакон дар оғӯш намедонистанд, ки ба куҷо гурезанд. Чунон ки худатон шоҳид будед, духтари бародарам дар бомбаборон қурбон шуд ва ману бародарам то ҳол қаҳрием.
Низом махдум нигоҳашро ҷониби рӯд гардонда лаҳзае таваққуф кард. Яқин аз он рӯзҳо чӣ фикре ба сараш омад, ки бо лабханди кардаю дардолуд ба суханаш идома дод:
– Бародарам байни мардум бо ашки шашқатор гуфт, ки аз ҷадидҳои худамон хунталаб ҳастам. Язнаам гуфт, ки “Хиёнати ба шаҳрамон кардаи ҷадидҳоро пушт ба пушт фаромӯш намекунем!” Атрофиён пай бурданд, ки ин суханҳо бар нақизи ман аст. Ман он ҷо истода орзу мекардам, ки тезтар замин кафаду дароям. Ҳамон вақт фикри бар зидди армияи сурх ҷангидан ба сарам зад.
Низом-махдум аз нақл бозистода: “имрӯз беҳад гарм шуд” гуфта, куртаи аз суфии урусӣ дӯхтаашро кашида, худро шамол дод, лаби рӯд нишаста ба рӯю гарданаш об рехт.
Мансур Ҷовидро хабаргирӣ рафт. Раҳораҳ ба хотираш ҷанги Бойсун омад. Сарбози сурхеро зада афтонду бухороиз аз асп фуромада, ӯро якчанд корд зада гуфт: “Ба Худо шукр мекунам, ки ба резондани хуни ин муртади ҷадид маро шарик кард”. Пас ӯро дар масҷид байни маҷрӯҳҳо дид: ёрӣ талабид вале ӯ ҳатто ба суханаш гӯш накард. Акнун пай бурд, ки он мард чӣ алам доштааст. Шояд вай ҳам дар он рӯзҳои бомбаборон пайвандашро аз даст дода ӯ хонааш сӯхта буд, ки дилаш пур аз газабу кин буд. Ва ба ҳамон алам мурда рафт.
Ҷовид як рӯймол себ оварда ба падар доду онсӯтар барои зардолу рафт.
Мансур рӯймоли себро назди Низом-маҳдум ниҳода, ба умеди сӯҳбатро давом додан гуфт:
– Аҷаб корҳое шуд. Лекин мардум ҳақиқатро намедонанд. Ҳама айбро ба гардани ҷадидҳо бор мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор