Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданНизом - махдум бо лабханд сар ҷунбонда афзуд:
- Баъд аз гӯру чӯби циянам ҳамсоямон Раҳими қассобро, ки ба бозорҳо равудошт, фармудам, ки бароям асп биёрад.
- Андак сабр кунед,-гуфт Мансур.-Раҳимро дар Бойсун ҳангоми ҷанг дидам. Он ҷо як кори нохуб шуда буд... Хонааш омад?
- Аз Бойсун сиҳат омад. Аммо бисёр афсурдаю рӯҳафтода буд. Мудом амиру атрофиёнашро дашном медод,- гуфт Низом - махдум ва ба суханаш идома дод: -Раҳим аспоро овард. Бо бисту панҷ нафар олуфтаҳои Бухоро якҷо шудемӯ ба дастаи Абдуҷололбеки тӯпчибошӣ пайвастем. Ва ду рӯз бар зидди лашкари болшевик ҷанг кардем. Баъд ба қӯшуни Низомиддини урганчӣ ҳамроҳ шудем. Ҳарчанд медонистем, ки ин ҷанг ба ҷуз худкушӣ чизе нест. Он рӯз олуфтаҳои Бухоро бештар ҷамъ шуданд. Онҳо овозаи маро фаҳмида омада буданд. Дар он ҷанг як нафар аскари сурхро куштам. Ва як нафар чадиди худамонро, ки қаблан шинос будам, захмӣ кардам. Пас аз он ки шамшерам пешонаашро бурид, ӯро шинохтам. Бо чашмони пиёла барин калон сӯям нигоҳ карду аз асп афтид. Он рӯз бисёр ҷавонҳо беҳуда нобуд шуданд. Муллобачаҳоро казакҳои ҷангмаст мисли карам бурида мепартофтанд. Аз он ҷанги аблаҳонаамон то ҳол азоб мекашам. Ба ҳамааш Низомиддини аблаҳ гунаҳгор буд. Тақрибан се соат ҷанг шуд. Навад дар сади мурдаҳо аз тарафи мо буд. Хона рафтаму як аламам сад алам шуд. Кош ба ҷанг намерафтаму қатли ом шудани мардум, аз ватан фирор карданашонро намедидаму намесӯхтам. Ҳамон шабу рӯз ҳатто фикри худкушӣ ба сарам зад. Бо ҷону дил мехостам, ки ҳукумати нав ба қатори бойҳо маро ҳам зиндон кунад. То ки укубати ба сари халқам омадаро набинам, аз теғи нигоҳи ӯру дӯст дур бошам. Худамро ба ҳар кор мезадам. Дар кӯчаҳо мансабдорҳоро дида пеши роҳашонро дошта, “шаҳри маро осӯхта кардед” гуфта, ғавго мебардоштам. Лекин аз ман ҳазар кардаю кордор намешуданд. Намедонам, занам чӣ гуна аз ҳолам пай бурда гуфт: “Танҳо худатона не, фарзандҳоро ҳам фикр кунед. Мо медонем, ки ба умеди беҳ шудани зиндагии мардум давутоз мекардед. Ҳоло нафаҳманд ҳам, рӯзе албатта мефаҳманд.” Ин суханҳо бори диламро сабук карданд. Баъди он дигар фикри худкушӣ накардам. Лекин бештар хонашинӣ ихтиёр кардам.
Низом - махдум ким-чи хел гунаҳгорона нахуст ба Мансур пас ба рӯд, ки дар он ягон-ягон себҳои сурх шино мекарданд, нигариста, хеле вақт хомӯш истод.
Мансур рӯзи ҷанги Низомиддин кушбегӣ дар Бухоро буд. Ҳоло ҳам садои даҳшатангези аэропланҳо, таркидани бомбаҳо, садои тиру тӯп аз гӯшаш нарафтааст. Вале ӯ сухан накарда истод то ки ба рафти андешаҳои ҳамсӯҳбаташ халал нарасонад. Фурсате тоқат карду пас ба оҳанги шӯхӣ хомӯширо шикаст. - Қариб зиндон ҳам мекарданд!- гуфт ӯ ва рӯзеро, ки сарбозони камондор дастҳояшро баста савори ароба мебурданд, ба ёд овард.
- Ҳа, он вақт аҷаб коре шуд, - Низом - махдум намои табассум кард. - Аз тассаруф кардани шаҳр чор рӯз гузашта буд. Ҳамсояи кӯҳнадӯзе доштем, номаш Давлат. Чоштгоҳ буд, ки занаш бо гиряву нола ба хонаи мо даромада хабар мод, ки саллоте Давлатро “тилло ёб!” гуфта занукӯб дорад. Он рӯзҳо аз хона баромадани мардҳо хатарнок буд. Чунки дар ҳар қадам сарбозҳои сурх одамонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор