Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
доштаю таъқиб ва кофтуков мекарданд. Бо ҳар баҳона кашола карда, ба постгоҳҳо бурда, пулашонро мегирифтанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба хонаи ҳамсоя рафтам, ки аз болохона фарӯду фигон меомад. Баромада бинам, сарбози ғафсаки сиёҳандоме наган дар даст Давлатро задаю сару рӯяшро сиёҳу қабул кардаасту ба русӣ пӯписа дорад: “Ҷойи тиллоро гап зан!” Давлат маро дида, гиря кард: “Махдум, ба ин золим гӯед, ки ман тилло надорам. Ба ман бовар накарда, як дастамро тоб дода шикаст”. Дидам, ки сарбозро на ин ки ба сари инсоф овардан намешавад, балки маро ҳам мепаронад, гуфтам: “Рафтем, ман тилло медиҳам”. Сарбоз озмоишкорона ба сӯям назар андохта гуфт: “Офарин! Ту бухороии асил менамой!” Лекин ман ин мумсики чиркинро мепаронам!” Ва пурсид:
– Хонаат дур аст?
– Мо бо ин мард ҳамсоям, — гуфтам ба русӣ. — Дар ҳақиқат ин тилло надорад. Кӯҳнадӯз аст, базӯр рӯз мегузаронад.
– Хуб, барои он ки бо ту ҳамсоя будааст, намекушам, — гуфт сарбоз. Вай овози баланд дошт. Нигоҳаш хашмист, риши зарди нотарошида рӯяшро пӯшидааст.
Ҳангоме ки аз зинаҳо нишеб шудем, фикр кардам, ки поён телааш диҳам, ба чӯи об афтад, ҳеҷ балош намезанад, хеста паронданаш мумкин. Аз дарвоза берун шудему наганашро ба ғилоф андохт. Ман ки ин лаҳзаро мепоидам, хез зада аз гиребонаш дошта, ба зону ду маротиба ба шикамаш задам. Сарбоз марди бақуввати машқкарда будааст, ки тан надода аз гиребонам дошта “Гад! Сволоч! Убью!” гуфт. Роҳгузарҳо ҷамъ шуда, моро тамошо мекарданд. “Болои дард - чипқон” гуфтагӣ барин, ин вақт аблаҳи Давлат аз пас маро дорад, мешавад. “Назанед, дар балояш намонем”, мегуфт. Ҳаромӣ, аввал туро мекушам гуфтам, ки сар дод. Ду дақиқа барин занукӯб кардем, ки як взвод аскари сурх аз кӯча қатор гузашта, моро дида давида омада, аз ҳам ҷудоямон карданд. Ба Давлат гуфтам, ки зуд илоҷ карда воқеаро ба Файзуллоҳ расон! Ба хонаи Атоҷораи писарамакаш даро! Онҳо мерасонанд. Сардори аскарҳо як узбеки тошкандӣ (аз лаҳҷааш шинохтам) аз дасти сарбоз, ки мехост маро паронад, чолокӣ карда наганро гирифту ба шиддат ва лаҳни узбекӣ маро пӯписа карда: “Гӯй, ки ҷангро худаш шурӯъ кард! Бе асос маро зад, гӯй!” Фаҳмидам, ки тарафи маро мегирад. Назди гарнизон рафтему ӯро ба гуфти худашон ба командирашон супориданду маро ба охтахонаи воқеъ дар паҳлӯяшон ҳабс карданд. Он ҷо бандиҳо бисёр буданд. Баъзеҳоро, ки зада афгор кардаанд, дар нолиш буданд, баъзеҳо беҳуш бо чашмони кушода дар болои порӯи хушкшуда дароз хоб рафтаю ба хаёл фурӯ рафтаанд.
Касе напурсид, ки ба чӣ сабаб туро оварданд? Дар он шабу рӯз гуноҳи бухороӣ маълум буд. Касе тилло намедод, фотеҳонро ба салоҳ даъват мекард, мулло гуфта ё мепаронданд, ё зиндон мекарданд. Рӯзи дигар маро ба зиндон мебурданд, ки шумо вохӯрдед. Шаб ду нафар моро аз зиндон бароварда ба фойтун савор карданд. Аз овозашон фаҳмидам, ки кор ба некӣ аст. Шаб кӯрмахтоб буд. Шамоли сахте, ки аз ҷониби қибла мевазид, хокрӯбаи кӯча ва барги дарахтонро ба ҳар тараф пош медод. Мо ба назди бинои дуошёна, ки пештар “Ширкати Пунба” мегуфтанд, омадем. Ду-се долонро гузашта ба хонаи калоне

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор