Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даромадем, ки паси мизи болояш ду лампаи чилуми фурӯзон дошта Файзуллоҳ Хоҷа нишастааст. Дар ду моҳи охир бори аввал ӯро медидам. Ҳамон вақт дар байни мардум чунин овозаҳо паҳн шуда буд, ки гӯё барои он ки русҳо подшоҳ таъйинаш кунанд, тамоми хазинаро ба онҳо додааст. Хонаҳои бойҳоро барои истиқомат карданашон додааст. Гӯё барои ба шаҳр даровардани аэропланҳо ӯ розӣ шудааст. Дар рӯбарӯяш нишастаму дар чеҳрааш кибр ва як ғолибияти гашоварро мушоҳида кардам. Ба дилам омад, ки овозаҳо ростанд. Аз қабоҳати гузашта дар вуҷудаш заррае хиҷолат ё пушаймонӣ дида намешуд.

Сабаби ҷангҳоямонро гуфтаму дилам тоқат накарда афзудам: - Файзуллоҳ, мо панҷ сол якҷо будем, бо болшевиқҳо шину хез мекардем, аммо ба гӯшаи хаёл намеовардем, ки онҳо Бухороро ба ин ҳол гирифтор мекунанд. Аз Арки номӣ чизе намонд. Бухороиҳоро аз ватанашон берун мекунанд.

Файзуллоҳ бо тамасхур аз болои миз қуттии чилодорро кушода аз он папирос гирифт. Ман суханамро давом додам:

  • Касе андаке зиддият нишон диҳад, мепаронанд. Касеро хоҳанд, душман гуфта, нест мекунанд. Ин корҳо поён дорад ё не?

  • Бухоро дар ҷояш, - гуфт Файзуллоҳ ба забони узбекӣ ва бо ҳамон оромии пештара аз болои миз китоберо гирифта тез-тез варақ зада худро машғул дошта афзуд: - Аркро барои он зада лахтупора карданд, ки зарур буд. Бухоро дигар ба Арку амиру амирзодаҳо эҳтиёҷ надорад. Мо ба ҷои Бухорои амиру аъламу эшонҳо Бухорои нав - Бухорои сурх месозем!

Аз ин сухан аламам бештар шуду гуфтам:

  • Ба тоҷикӣ гап занед. Хонаҳои мардумро тороҷ карданд, медонед? Мардуми Бухоро мо - ҷадидҳоро шабу рӯз дуои бад мекунанд, хабар доред?

  • Хуб мешуд, шумо ҳам ба узбекӣ сухан мекардед, — гуфт Файзуллоҳ ва коғазҳои таги дасташро дуртар тела доду ситезмандона афзуд: — Дар Бухоро ҳамон корҳое мешаванд, ки инқилоб талаб мекунад. Тороҷ карданд мегӯед. Феъли ин мардум мисли феъли муш бошад, айби кист? Ба пули ёфтааш тилло харида, печонда, дар таги сандук руст мекунад. Аз он на ба худашон фоида буду на ба каси дигар! Оқибат мемурду он тилло мемонд!

  • Урус гирифт, нағз шуд?! — Тез шудам ман боз ба тоҷикӣ сухан карда ва зуд худамро ба даст гирифта афзудам: — Нисбат ба халқи худ ин қадар сангдил буданатонро намедонистам. Ҳамин сангдилии мо буд, ки дар Бухоро одам намонд.

  • На зани ин дунёву на марди охират дар ҳақи мардуми мо, — гуфт Файзуллоҳ. — Чор муллою чор махдум рафта бошанд, ҳеҷ гапе не. Онҳо ба Бухоро дарбеҳ намешуданд.

  • Одами хуб кӣ? Кадом пойлучӣ беномус хуб буд?

  • Ман ба пойлучон кор надорам. Одами хуб касест, ки бо ҷону дил ҳурриятро тарафдор аст. Дурӯя, дукуна нест. Аксари он ҳамроҳоне, ки доштем, ҳоло аз роҳи рафтаю кори карда пушаймонанд. Аз аввал ба бозӣ надаромадан лозим буд. Даромадӣ, куна ҷунбон! — Файзуллоҳ бадқахрона по болои по монда рӯяшро ҷониби тиреза гардонд.

Панҷсола азоби кашидаам пеши назарам омад. Чӣ қадар ёрӯ дӯст кушта шуданд. Чӣ қадар дар зиндонҳо бочигару қабурғаи кафида хобанд. Чӣ қадар

пешина
аз 613
навбатӣ