Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аз пайи коратон шавед! Минбаъд коратона дониста кунед, нахӯди пеши қошуқ нашавед.
Ба кӯча баромадаму худамро мисли чуволи холишуда ҳис кардам. Фикр мекардам, подоши панҷ сол ҳамроҳу ҳаводораш буданам ҳамин шуд, ки гӯяд: “коре кун, ки фарзандҳои шумо худат барин махдуму мугамбир нашаванд.” Низом - махдум дардолуд табассум кард:
– Ҳамин хел шуд.
Мансур ҳолати он вақти Низом - махдумро тасаввур карду ба оҳанги дилбардорӣ гуфт:
– Хуб, ки зиндонатон накардааст, – ва хандид.
Низом - махдум ҷавоб надод. Нигоҳашро ҷониби рӯди равон дӯхтаю хомӯш буд. Кӣ медонад, ба сараш чӣ фикрҳо меомаданд.
Ҷовид дар доманаш туту зардолу оварда, болои дастархон рехту нон гирифта, хӯрда-хӯрда лаби рӯд рафт.
Мансур низ хомӯш монд. Ӯ ба қитъаи секунҷаи гандумзори домани теппа, ки гандумаш сафед шуда, дар дарунаш гову гусолау гӯшдарозҳо мечариданд, нигарист. Пеши назараш Файзуллоҳи сафедрӯи газгӯшт омад, ки дар Арк дида буд, дар давраҳо таъриф мекарданд, ки донишманд аст. Аз афташ, дониш ҳам ҳархел мешудааст. Ӯ ҷониби мусоҳибаш нигариста ба тариқи маслиҳат пурсид:
– Оё дар ин ҳоле, ки ҳама ҷой ба дасти яҳуду қалмику урус афтодаасту чор тараф нотинҷӣ аст, Файзуллоҳи ҷавон метавонад подшоҳӣ кунад?
Дар пешонии Низом - махдум ҷинҳо ҷамъ шуданд. Лаби болояш гӯё ларзиду боз бо оҳанги озору надомат гуфт:
– Дар бораи чӣ кас будани Файзуллоҳ ҳар вақт фикр мекунам. Ва як мақол ба хотирам меояд: “Мардро то ки шиносӣ, мансаб деҳ”. Файзуллоҳ то раис шуданаш як ҷавони орому баодоб буд. Мансаб гирифту ёронро назараш намегирифтагӣ шуд. Шиносҳо мегуфтанд, ки шину хеза бо мо не, бо русҳою турқҳо мекунад. Аммо дар масъалаи подшоҳӣ карданаш, офтоб барин равшан аст, ки русҳо намегузоранд аз хати кашидаашон берун равад.
– Аҷаб гапу корҳое, – Мансур ба тааҷҷуб сар ҷунбонд. – Худаш инро мефаҳмида бошад?
– Дар оғоз нафаҳмида буд. Баъдтар фаҳмид... Баъди як сол, ҳангоме ки овозаи ҷанги Анварпошо омад, барои озод кардани як домуллои зиндонӣ наздаш даромадам. Бо дили нохоҳам қабулам кард. Мушоҳида кардам, ки он такаббуру савлати пешинааш намондааст. Он замон дар шаҳр овоза буд, ки лаҷоми давлати Бухоро боз ба дасти русҳо аст. Аммо ман мехостам, ки норозигии Файзуллоҳро аз болшевикҳо аз забони худаш шунавам. Ин дафъа ҳам суҳбати мо ба тоҷикию узбекӣ сурат гирифт.
– Аз афташ кор вазнин аст, ки ман барин лоғар шудаед? – гуфтам.
Аз рӯйи одат аз кутии чилодораш папирос гирифтаю оташ дода, гуфт:
– Кор вазнин нест, – ва қоғазҳои надашро як тараф ҷамъ карда, бо ситеза афзуд: – Баҳри ин мардуми мутаассибу барҷоймондаи Бухоро ҷонканӣ кунӣ чию накунӣ чӣ. Халқҳои атроф ҳама сохти навро пазируфтаю аз пайи ободии диёр пешбарии миллаташон ҳастанд. Роҳашонро ёфтанд. Инҳо бошанд, аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор