Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Шумо чӣ кор доред? - Ва интизор нашуда бо оҳанге, ки аз дилгирӣ аф мекунад, афзуд:-Ин одам комиссари дивизия Ершов аст. Вай назди ман мес ва маълум, ки мо боз ҷанҷол мекунем. Ман бо ӯ ҳеҷ рост нагирифтам. Пешт иҷзомияи Ҳисор, узви Шӯрои инқилобии Ҷумҳурии Бухоро. Қариб ҳамаи дорони бригадаю полкҳо аъзои шӯро мебошанд. Дар шӯро мудом аз корх ҳукумат норозигӣ мекунад: ба армия озуқа нафиристодед, либос нафиристо Чаро фалониро, ки ин ҷо хун рехтааст, ба кор нагирифтед ва монанди инх Дар кушода шуд ва марди русе, ки дар қабулгоҳ менишаст, хабар дод
– Рафиқ Ершов омадаанд.
Файзуллоҳ сар ҷунбонду дуюмбор аз ман пурсид: “Чи кор доред?” На насаби домуллои шиносро навишту афзуд:
– Комиссияи диктаторӣ як ҳафта зиёд шуд, ки корашро шурӯъ карда Аллакай як гурӯҳ туркҳои корманди ҳукумату милисаро, ки бо Анварпс ҳамкорӣ кардаанд, ба зиндон андохтанд. Нафарҳои гумонбарро пайгирӣ кунанд. Барои эҳтиёт шумо як муддат рӯ панах кунед. Комиссия ба гай Масков ба касе итоат намекунад.
Ба хона омада фаҳмидам, ки комиссия аллакай баъзе ҳамсояҳоро пурсуҷӯ кардааст. Дар он шабу рӯзҳо Бухоро мисли шикоргоҳ шуд. Дар ду-се рӯз боз аз сад нафарро бурда, қисмеро зиндон кардаю бештарашонро паронданд.
Сардори коргарони ҳукумат, ки ба душманӣ гумонбар шуда буданд ва домуллоҳои номдорро паронданд. Айби ин бечораҳо ҳамин буд, ки, ба қавли худашон, шикам санг бастаю лаб зери дандон монда, улуми ҳикмату мантиқ аз бар карда, аз имтиҳон гузашта, даҳякхӯри амир буданд. Боре бегоҳирӯзӣ ба сари ман омадаанд. Занам боақлӣ карда гуфтааст, ки вай як моҳ пеш ба хонаи хешу табори Балҷувон рафта буд. Ва лӯлигӣ ҳам мекунад: «Аз тарси шумо ба Афғонистон рафта бошад ҳам, аҷаб нест». Баъди ду рӯз аз сӯрохи девори шаҳр баромада, Балҷувонро пеш гирифтам. Равам, ки Анварпошо қисмҳои дар Қабодиёну Кӯлоб будаи болшевикҳоро зада берун кардааст. Тамоми аҳолӣ, ҳатто як қисми одамони ҳукумати маҳаллӣ ҳаводораш шудаанд. Дар даромади деҳаҳо шиорҳо овехтаанд: «Озодӣ аз русҳо!». Якчанд туркон ҷавононро кори ҳарбӣ меомӯзонанд. Дар бисёр ҷойҳо устухонҳои аспи хасозӣ бунёд кардаанду устухонҳо саргарми кор. Ман ҳам ба онҳо пайвастаму дар як ҳафта аз Саройкамар то Қӯрғонтеппа қадами наҳсашонро тоза карда, то Душанбе омадем. Мардум чунон бо шавқ душманситезӣ мекарданд, ки ҳайрон мемондӣ. Ман ҳамон вақт дидам, ки агар пешво худ нотарсу кордон бошад, сарбоз барои ӯ ҷонашро медиҳад.
– Офарин! – Мансур ба ваҷд омад.
– Ҳамин хел корҳо, Мансурбой. – Низом-махдум себ гирифтаю дӯк карда илова намуд: – Ҳоло аҷибтараш дар пеш аст.
– Комиссия ҳоло ҳам гумонбарҳоро мебарад? – пурсид Мансур ва ҷавоб интизор нашуда гуфт: – Низом-махдум, воқеаҳои рӯйдодаро фикр мекунаму ба маънии як амали навдавлатон сарфаҳм намеравам. Забону коргузории ҳукуматашон ва тамоми муассисаву корхонаҳоро туркӣ кардаанд. Таҳҷоиҳо таъкид ба таъкид мегӯянд, ки шумо худатонро турк гӯед. Гӯед, ки решаҷӯй

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор