Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

турк аст. Ин ҳамаро дида, дасту дилат аз кор мемонад, худатро дар ватанат мусофир ҳис мекунӣ. Балки онҳо туро бегона мепиндоранд. Ба ҳар ҳол ба назари ман чунин намуд.

– Сабаби ин амалашонро аз Файзуллоҳ пурсидам. – Низом-махдум ба рӯймоли миён арақи сару рӯяшро пок кард. – Вай гуфт, ки дар ин марҳилаи нозук мо бояд сухани “ту тоҷик, ту ӯзбек”-ро як тараф монему як давлати бақувват созем. Дар ин атроф туркҳо бештару бақувваттаранд, ба онҳо эътимод кардан мумкин. Вақте ки давлат ба роҳ монда шуд, обрӯ пайдо кард, он тараф мисли пешина ҳар кас ба забони худаш такаллум кардан мегирад.

Аз суханаш пай бурдам, ки ин масъала наздаш арзиш надорад. Ҳама фикру ёдаш ба давлатсозию давлатро аз русҳо гирифтаю танҳо кардан банд аст.

Мансур пас аз каме хомӯшӣ гуфт:

– Дар хотир доред? Се-чор сол пеш дар газетаҳо мегуфтанд, ки Фитрат, Файзуллоҳ, Ҳамдӣ ва боз ким-киҳое маорифпарварони хуб шудаанд. Мардум аз шунидани номи онҳо хурсанд мешуданд ва ба онҳо бовар мекарданд. Аз пасашон ба обу оташ мерафтанд. Лекин бибинед, ки оқибат корашон ба куҷо расид?

Дар нигоҳи Низом-махдум ифодаи андӯҳ ва нафрат намоён шуд. Нафаси чуқур кашиду гуфт:

– Дониши онҳо дар тани миллат захру закум шуд. Ба пиндору гуфтори онҳо мекарданд, дигаргунӣ ҳам мешуду тараққӣ ҳам мекарданд. Аммо дар муқобили ҷомеаи парешону мутаАССИБИ МО истодагӣ кардан натавонистанд ва саросема шуданд. Русҳо ҳукуматро аз дасти амир Олимхон гирифта додану кори худашон хостаро фармуданд.

Ба хотири Мансур суханони Фёдор омаданд: «Олиму нависандаҳои мо дусад сол ҷон канданд, то ки халқи русро китобхон кардаю миллат созанд.» Пас маълум мешавад, ки дар рӯбарӯи рӯшанфикрони мо ҳоло роҳи дарозу пурхатар қарор дорад. Ӯ суҳбатро ба маҷрои аввалааш гардонд:

– Овозаҳои “Анварпошо Қабодиёну Кӯлобро гирифтааст” ба Бухоро низ омаданд. Ба назаратон, кори Анвар то куҷо мекашад?

– Кори Анварпошо мисли буттае шуд, ки як аланга гирифту зуд хомӯш гашт, – гуфт Низоммахдум. – Дигар коре аз дасти вай намеояд. Хубаш, сараша гирифта ба ягон тараф баромада равад.

– Ҳоло бисёриҳо аз ӯ умеди ғалаба доранд. Шумо худатонро дидед? Ба назаратон одами дилпур аст?

– Мансурбой, агар Ҷабраили Амин ояд ҳам, ин мардуми нохондаю бефаҳм коре карда наметавонад. Мо то ҳол маърифати ором гӯш кардани якдигарро надорем. Ҳатто дар ҷамъомад ба сари якдигар пӯписа мекунем.

Низоммахдумро чеҳра жиддӣ шуду ба нақл шурӯъ кард:

– Анварпошоро бори нахуст дар қурултои Лақай дида будам. Марди бануру босалобат аст ӯ. Он ҷо сардастаҳо Эшони Султон, Фузайл Махсум, Давлатманди Балҷувонӣ, Ашӯри Кӯлобӣ, боз чанде бо чилавдору маслиҳатгарҳояшон омада буданд. Ҳамчун сарони қабилаҳои семиз, лақаю қарлуқу дурман ва касе шарик буд, омад. Намояндаҳо аз дастаҳои муҷоҳидони Самарқанду аз Фарғона низ омаданд. Анварпошо бо як дастаи саднафараи турку афғон аз ҷониби Ҳисор

пешина
аз 613
навбатӣ