Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
омад. Он вақт ӯ аллакай ҳукми сарлашкари умумиро дошт. Як-як домуллою мавлавиҳои номдоре, ки аз ҷафои болшевик таркӣ ватан карда буданд, низ иштирок доштанд. Анварпошо ҷадидҳои Бухороро ҳам даъват карда будааст, вале аз онҳо касе наомад. Баҳоррӯя буд. Дар як хирманҷои канори деҳа гилему намаду пӯстак партофта ҷои нишаст карда буданд. Аз ҷониби пуштаҳо насими диловез мевазид. Дар саҳрои атрофи Лақай хирман-хирман лолаҳоро дида ҳавасат меомад. Ман бо дастаи балҷурониҳо ҳамроҳ омада будам. Умарқул ном марде, ки ба яке аз ҳамроҳони мо дӯстӣ доштааст, дар давраи мо ҷой гирифт. Ӯ гуфт, ки ба умеди ба даст овардани дили Иброҳим ин маъракаро ин ҷо баргузор кардаанд. Лекин Иброҳими мо феъли хари зери борро дорад. Чапу роста намебинад. Ба ҷадидҳо душмани ашаддӣ аст. Анварпошоро ҷадид мегӯяд ва гумон аст, ки бо ӯ гарм гирад. Ҳангоме ки домулло аз Каломулло ояте хонду қурултойро шурӯъ карданд, Анварпошо ба байни саҳн баромада чунин суханҳо гуфт:
– Бародарон, дӯстони туркистонӣ, мақсади ҷангу талоши мо кофирҳоро аз хоки Бухорои Шариф берун карда, дини азизи исломро, ки таги пойи аспу уштурҳои аҷнабиён мондааст, ба ҷойгоҳаш шинондан аст. Аз ҳар тараф овозҳо омаданд: «Аллоҳу акбар!» «Яшанг уғлим!» «Туро Худо расонд». Ва садои ҳиқ-ҳиқи гиря ҳам шунида шуд. Аз ҳар ҷониб сардастаҳо низ садо медоданд. «Ҷузъи худамон! Ӯзимизнинг фарзанди!» Анварпошо ҳаводории мардумро дида, бо садои гиротар ба ӯзбекию туркӣ омехта афзуд:
– Иншооллоҳ, баъди ғалаба амир Олимхонро оварда, ба тахташ мешинонем. Боз овозҳои таҳсин садо доданд, Анварпошо ба суханаш идома дод:
– Дӯстони азиз, бояд шумо дар хотир дошта бошед, ки Туркистони бузург ватани аҷдодии ҳамаи мою шумост! Камбуди шумоён дар он аст, ки ҳар қабила қарияи худашро муҳофизат мекунаду парвои дигарҳоро надорад. Балки душманӣ кардаю ҳамдигарро нобуд мекунанд. Ин тарзи зиндагии гузаштаҳост. Ҳоло замоне расидааст, ки мо бояд як кишвари бузург, як миллати муттаҳид шавем. Бубинед, русҳо кишварашонро чӣ гуна бузург кардаанд. Ин тараф Ҳинду Чину дигарон дар пайи кишварсозию кишваркушоянд. Иншооллоҳ, мо низ дар оянда ин корро хоҳем кард. Дар масъалаи ҷанг бо русҳо бошад, ба шумо хушхабар мерасонам, ки ҳоло вусъати ҷабҳаи мо аз соҳили Ҷайхун то зери девори Бухоро расидааст! Ҷангҳои моҳҳои охир нишон доданд, ки ҷавонони Туркистон хуб ҷанг мекунанд. Онҳоро каме санъати ҷанг омӯзонед, аз русҳо чобуктару ҳушёртаранд. Аз ӯҳдаи ҳифзи ватан ва нангу номуси мардумашон мебароянд. Алҳол камбуди мо дар набудани силоҳи замонавист. Лекин ғалабаҳои рӯзҳои охири мо мардуми оламро ба ваҷд оварданд онҳо ба мо рӯ овардаанд. Ҳукумати Бритониё ва вазири дифои Афғонистон ваъда доданд, ки моро бо силоҳ таъмин хоҳанд кард. Мо агар талаб кунем, ҳатто лашкарашонро ба ихтиёри мо мегузоранд.
Аз байни издиҳоми мавлавиҳо марди қавитаркибу ришпаҳне хеста бо овози баланд «Шоҳини мо, то ҳол куҷо будӣ?» гуфт ва аз шодӣ ҳунг-ҳунгкунон гиря кард.
Суханони Анварпошо рӯҳияи мардумро бардоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор