Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар қурултой чунин андешаҳо ҳам изҳор шуданд: «Зарурати овардани амир Олимхон нест! Дар Душанбе халқро партофта, пинҳонӣ гурехту ӯро куҷо меоред!». Ин суханро Фузайл Махсум гуфту баъзеҳо ӯро дастгирӣ карданд. Вале Иброҳимбек бо қаҳр хеста гӯё гулӯяшро буғӣ карда бошанд, ғум-ғум кард, ки мардум суханашро дуруст нафаҳмиданд. Аз паҳлуяш марди бузриши салласафеде, ки эшони Довуд мегуфтаанд, хеста, ба қавли худаш, ба гуфтаҳои Иброҳимбек рӯшанӣ андохт.

«Ҷанобашон мефармоянд, ки ҳазрати амирам Олимхони Баҳодурро оварда, ба тахташон мешинонем! Падару бобоҳои Ҷаноби Олӣ подшоҳзода буданд. То хоки Бухоро барҷой аст, ин зоти ҳумоюнӣ подшоҳ хоҳад монд! Ба ин қалами тақдир рафтааст.»

Аз ҳар тараф гап партофтанд:
– Дар Бухоротон садҳо нафар подшоҳ буданд, боз садҳо меоянду мераванд.
– Ба мо садҳо даркор не, амир Олимхон даркор.

Баҳс тӯл кашиду ниҳоят сухани Иброҳимбекро пазируфтанд. Баъд Анварпошоро сардори армияи мусулмонон интихоб карданд. Пас аз он аввал ҳоҷиҳо, пас мавлавию дасти дуо бардоштаю тоҷикию туркию арабӣ карда сарлашкарро хуб дуо доданд ва изофа карданд, ки «ӯғлим, ин дуоҳо аз тӯпу пулемети кофир сад маротиба бартарӣ доранд.»

Ҳангоми хестан Иброҳимбек бештар ҷониби ҳамқавмҳояш нигариста, бо қаҳр гуфт:
– Ман бо лашкарам аз қаламрави Ҳисору Лақай ҷадиду кофирро берун мекунам! Анварпошо дигар тарафашро занад! Ба мо сардор лозим нестэй!

Қурултой мисли гулхани обрехта шуду ҳама лол монданд. Ман ҳамон дам Иброҳимро аз наздик дидам: марди миёнқаду миёнсоли шонапаҳн аст. Чеҳраи гирифта ва чашмони тангу рӯи сиёҳчурда дорад.

Анварпошо ҳайрон ҷониби издиҳом нигарист ва бо заҳрханда гуфт:
– Дар кишварҳои пешрафта дар замони ҷанг баҳс намекунанд. Сухани сарлашкар қонун аст.
– Мо ба ҷадидҳо бовар надорем! – гуфт Иброҳимбек. – Онҳо ҳам кофиранд!

Анварпошо ба эшони Довуд нигариста гуфт:
– Аввал ин ки ман аз ҷадидҳои шумо нестам...
– Шумо ҳам ҷадидед, риши тарошидаю палтун (палто) доред, – Иброҳим ришханд кард.

– Чӣ пӯшам? Чакман пӯшам? – Бо оҳанги дӯстона пурсид Анварпошо.
– Мусулмон ҷома мепӯшад, салла мебандад, – гуфт Иброҳим.

Баъзеҳо хандиданд, бисёриҳо худро ноинҷир ҳис карданд. Умарқули ҳамдеҳааш, ки назди мо менишаст, ҳиҷолатманд шуда, овозашро пасттар карда гуфт:
– Ин гунга буду шудаш ҳамин. Аз ягон мулло шунидагеша тутӣ барин такрор кардан мегирад. Ба назари ин нодон сухани мулло сухани Худост. – Ва оҳ кашида, афзуд: – Пеш аз ҷангҳо аз даҳонаш гап намебаромад. Дар ғоибаш «гунги Иброҳим» мегуфтанаш. Падараш ин ҷо туқсабо (андозғундор) буд. Се сол дар мактаб хонду чиз ёд нагирифт. Чӯпон монданд. Ёздаҳ сол чӯпонӣ

пешина
аз 613
навбатӣ