Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кард. Кори дӯстдоштааш ҷовандозӣ буд. Чун дар замони амир мансабҳо меросӣ буданд, баъд аз марги падар хешу табораш номус карда, як аспи хуб ва чизе чора карда, бурда ба амир дода, ярлиқи тӯқсаборо гирифтанд. Вақте ки амир Олимхон гуреза шуда ба Ҳисор омад, бекҳою мансабдорон ба давру барашон ҷамъ шуданд, ҳамқабилаҳои Иброҳим низ пеш даромадаю чизу чора карда, ба Иброҳим саллаю ҷома пӯшонда, назди амир равон карданд. Ӯ он ҷо дастгоҳи дарбори амири гурезаро дид ва аз суҳбатҳо шунид, ки ҷадидҳо урусро овардаю амирро аз тахт фаровардаанд. Ҳамзамон аскарғундории мансабдорони атрофро дида, ҳаваси сарлашкарӣ кард. Бо ишораи одамони амир дасту остин барзада, аз Лақай чорсад нафар чобуксаворонро гирд овард. Ҳамзамон чорсад асп ҷамъ карда, барои амир туҳфа бурд. Якчанд муаллимро дошта, ба ҷурми «ҷадид» улок кард. Ин хабар ба амир Олимхон мерасаду «дузд дӯздро дар шаби торик мешиносад» гуфтагӣ барин, мегӯяд, ки «мо аз аввал ба самти нияти Иброҳимбек шубҳа надоштем.» Ӯро аз муқарраборони дарбор мекунад. Номаш шуд Иброҳимбек. Ҳангоме ки амир ба Афғонистон гурехт, ба вай ва Давлатманд гуфт, ки ба шумо рутбаи парвоначӣ (генерал-лейтенант) додаем.
То баргаштани мо пеши роҳи душманро доред. Баъди ин сухан Иброҳим сазлату такаббур кард, фармуд, ки лашкарро зиёд кунанд. «Асп бошад, охур ҳам мешавад», - гуфтагӣ барин дар атрофаш камардору маслиҳатчиҳою мавлавиҳо ҷамъ омаданду пиру мурид шуданд. Иброҳимбек дар як ҳафта дасти ҳафт пир гирифту обрӯяш ҳафтод маротиба зиёд шуд. Ва «пир»ҳо овоза паҳн карданд, ки дар китфи Иброҳимбек пайи панҷаи ҳазрати Хизр ҳаст. Ба тани он ҳазрат тиру тӯпи кофир ҳеҷ гоҳ таъсир нахоҳад кард. Дар давраҳо эшонӣ Довуд мудом ёдрас мешуд: «Пулемути кофир ҳазратама бинад, худ ба худ даҳанаш кушод мезанаду дигар, ҳарчанд зӯр зананд ҳам, кушода наметавонанд». Овозаҳоро шунида даҳони мардуми эътиқодманд яла мемонд. Аскари Иброҳим деҳа ба деҳа гашта, тарафдорони сохти навро пурсуҷӯ ва қатлу ғорат мекарданду тартиботи амириро ба роҳ мемонданд. Ҷавононро ба ҷанги куффор номнавис мекарданд ё ба ивазаш пулу мол меситонданд. Куҷое аспи нағз медиданд, мегирифтанд.
Лекин ба аскари урус рӯбарӯ ҷанг намекарданд. Гоҳ-гоҳе аз паноҳиҳо баромадаю ҳайҳӯй мебардоштанд ё, ба қавли худашон, шабеҳун мезаданд.

Зимистон раиси комиҷроияи Бухоро Усмонҷӯҷа Пӯлодҷӯҷав ҳамроҳи
сардори милисаи Шаҳрисабз Дониёр аз болшевикҳо рӯ гардонда, бо ҳафтаҳ
милиса омада, гарнизони Душанберо муҳосира кард. Баъди ду рӯз Усмонхоҷа
ба Иброҳим хат кард, ки ёрӣ деҳ. Иброҳим дар ҷавоб, «аз уруса шумо - ҷали-жа
бад ҳастед» гуфта, аз пасашон ҳуҷум карда, қисми зиёди яроқу аспҳояшонро
зада гирифт. Ҳамзамон баъди ин воқеа дилмондаи ёру диёр шуда, роҳи
Афғонистонро пеш гирифт, Дониёр бо дасташ ба кӯҳи Боботоғ рафт. Сардори гарнизони русҳо, ки марди ҳушёр будааст, аз вазъият истифода карда,
ба унвони Иброҳим ба мазмуни зайл нома фиристод: «Ҷаноби Иброҳимбек,
модом ки амир шуморо ба ҷояш монда рафтааст, мо тақдири ояндаи Бухороро
танҳо бо шумо ҳаллу фасл мекунем. Ба мо Анварпошо даркор нест.» Баъд аз
ҳам
Иброҳим худро бар тахт нишаста дида, сардори гарнизонро талабида, ҷома
пӯшонду ба тавраш роҳи ҳамкорӣ пеш гирифтанд. То ки нуфузашро калон кун

пешина
аз 613
навбатӣ