Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҷилва диҳад, аскарро ба чор ҳазор расонд ва мандонамию карруфараш як бар даҳ афзуд. Чунон ки дипед, ҳоло аз ҳузури Анварпошо шод нест. Намехоҳад сарвариро диҳад. -Умаркул чунин суханҳо гуфту мо ҳайратзада мондем.
- Дар Бухоро мардуми сода баумед, ки Иброҳимбек бар зидди русҳо ҷонканӣ дораду шояд ба дардашон даво шавад.-Мансур бо надомат сар ҷунбонд.
Низоммаҳдум лабханд кард ва хеста либосҳояшро бадар карду шоҳи дарахтро дошта оҳиста ба даруни об даромад ва садо дод: «Об роҳат будааст, дароед!»
- Баъдтар медароям, - гуфт Мансур ва хеста қад-қади соҳил қадам зад, нигоҳаш ҷониби дашт шуд ва дид, ки селаи бузурги зоғҳо аз ҷониби кӯҳ омада, дар гӯшаи замини гандумаш помолшуда нишастанду он ҷо мисли матои сиёҳ паҳн кардашуда намуд. Фикр кард, ки мардуми Самарқанду Тошканд дар панҷоҳ-шаст соле, ки бо русҳо паҳлӯ бо паҳлӯ зиндагӣ мекарданд, аз ҳам розӣ буданд. Хусусан баъди он ки баъзе аз китобҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд, зиёиҳо бо русҳо улфат шудаю роҳи дӯстӣ ҷустанд. Дар ҳашт-даҳ соли охир дар Бухоро ҳам ба истиснои як қисм муллоҳои ҷаласавод ҳамин ҳолат рӯй дод. Вале дар Бухорои шарқӣ аҳвол тамоман дигар буд. Русҳоро кофир гуфта, қабул намекарданд. Ана, ҳамин вазъи нобаробарии донишу фаҳмиш мардуми гуногунқавми ин мулкро чун обу оташ аз ҳам ҷудо медорад.
Низом - махдум аз об баромада, ба ҷояш баргашту садо баровард:
-
Мансурбой, чаро ба фикр фурӯ рафтед?
-
Суханҳои шуморо гӯш карда, рӯзҳои гузашта ба хотирам омаданд,- Мансур ба ҷояш баргашта ба чашмони мусоҳибаш маънидор нигаристу афзуд:- Шояд дар хотир дошта бошед, соли 1917, баъди он ки дар Русия «Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия» чоп шуд, дар шаҳрҳои мо ҳам ҳизбу гурӯҳҳо пайдо шуданд.
Аз он ҷумла ҳизби «Шӯрои исломия» таъсис ёфту ҳамон тирамоҳ дар 15 ноябр анҷумани шӯроҳои кишвари Туркистон барпо шуд: панҷаҳ нозирот таъин карданд. Нозиротҳоро ба гурӯҳи болшевику меншивику дигарҳо тақсим карданду ба шӯрои исломия, яъне ба таҳҷоиҳо ягонто ҳам надоданд. Мо як гурӯҳ ба нишони эътироз толорро тарк кардем. -
Дар хотирам ҳаст, домуллоҳо хеста, «шумо чӣ гуна махлуқед, ки моро дар ватанамон маҳрам намедонед!»- гуфта, хуб ғавғо бардошта буданд,- афзуд Низом - махдум.
-
Бале, аммо ман дигар чизро мехоҳам гӯям, - дар нигоҳи Мансур озору андӯҳ чун мавҷ забона зад:- Ҳар вақте ки он лаҳза ба хотирам ояд, худро маломат ба худам нафратам меояд. Берун баромадему ҳама ҷазбманд шудем, ки бар нақизи болшевикуҳо худамон давлат месозем! Ва ҳар кас сухане гуфт. Яке ҳавои даҳон мекард, ки дар ин роҳ ҳамаи дороияшро медиҳад! Дигаре мегуфт, сарам равад, ки аз ин роҳ намегардам. Сеюмӣ ваъдаи болотар аз ин медод. Он рӯз аз даҳони мани аҳмақ баромамад, ки лозим шавад, ҳам худамро қурбон мекунам, ҳам фарзандонамро. Як фарзандамро қурбон кардам. Занам паси ӯро гирифта рафт. Ҳоло худам дарбадарам. Чанд маротиба азм кардам, ки ба гӯшае рафта, боқии умрамро гузаронам, нашуд. Ин чаҳормавҷи инқилоб намегузорад.
Низом - махдум бо дилсӯзӣ ба рӯи рафиқаш нигариста гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор