Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Гузаштаҳомон мегуфтанд, ки сухани маърака мисли фили ҷангист. Аз ба ҷойи фиристода расида натавонад, баргашта худатро таги по мекунад.
  • Бале, дар таҷрибаам инро дидам. Сухани байни халоиқ гуфта мисли ба худ роҳ кушодаю ҷавлон зада мерафтааст.
    Ин дам Ҷовид дар тоқиаш олуҳои беоби холдор оварда, болои дастаррехт.
  • Ҷони амак, бештар себ чин, ки ҳамроҳамон барем,-гуфт Низом - маҳдум.
    Мансур аз паси писараш, ки давида мерафт, нигариста гуфт:
  • Охир он ҷонканиҳоро мо ба умеди ояндаи нек мекардем. Назди ким-кадом одами шӯрошон даромада каме пул ҳам дода будам... Миннат не, ҷояш омада, кори шударо гуфтам:
  • Бале, ба нияти нек мекардему бубинед, ҳама корҳо баръакс шуда рафтааст,- гуфт Низом - маҳдум ва нигоҳи андешамандашро боз ҷониби заминҳои пахта дӯхта, бо ришханд афзуд: -Давоми қиссаро гӯям, ба саволатон ҷавоб мегиред.
    Аз он курултоии ёдшуда аллакай чор моҳ гузаштаасту ягонтаи он гуфтаҳо амалӣ нашуданд. Чун ки дар оғоз Иброҳим онҳоро хунсо кард. То ҳамон ҷамъомаду кори Анварпошо мисли аэроплани урус боло мерафту пайваста фатху фурӯш мекард. Пас аз он кораш сукут кард. Онҳое, ки дар оғоз ҳаводораш буданд ва бо ифтихор, «ҷузву аъзои худамон аст» мегуфтанд, дере нагузашта муҳолифашон шуданд. Баъд аз ҷамъомад ҳама сӯи Бойсун роҳ гирифтем. Иброҳим нарафт. Ба Афғонистон дусад сарбоз бо тиру камон ба ёрии Анварпошо омаданд. Гап-гап карданд, ки сарбозҳо ихтиёрӣ «ёрӣ ба бародарони мусулмон» гуфта омадаасту тиру туфангро амир Олимхон додааст. Ва гуфтааст, ки ӯ маслиҳатҳо пазон карда асту ба зудӣ аз Англия силоҳ меовардаанд. Қисмҳои ҳарбии русҳо дар Бойсун буданд, он ҷо манзили ҳарбӣ ва анбори силоҳ доштанд. Касеро наздик рафта ҳам намемонданд. Мо шаҳрро ба муҳосира гирифтем.
    Аз Бухоро як гурӯҳ милиса бо сардории вазири дифоъ Орифов ҳукуматро тарк карда, омада ба мо пайвастанд. Ҳамон рӯзҳо овоза паҳн шуд, ки дар Фарғона Эргаш Кенча, дар Самарқанд Зарифпаҳлавон, дар масчоҳ Нусратшоҳ шӯриш бардоштаанд. Ин овозаҳо моро рӯҳбаланд карданду Анварпошо ба ҳукумати Русия нома навишта, талаб кард, ки давлатҳои исломии тозаистиқлоли Туркистонро ба расмият шиносад. Ва дар давоми ду ҳафта қисмҳои ҳарбиашон аз ин сарзамин барорад.
  • Саросемагӣ кардааст,-Мансур бо таассуф сар ҷунбонд.
  • Бале, ин талаб ба сараш бало овард,-гуфт Низом - маҳдум.- Анварпошо аз Бойсун ду маротиба ба Иброҳим одам монд, ки «ба ёрии ту ниёзмандем.
    Меомадӣ, русҳоро зада, ҷониби Бухоро ҳаракат мекардем.» Наомад. Ҳафтае аз байн гузашту овоза паҳн шуд, ки русҳо кӯшуни чорҳазораи Абдуқодир ва Ғиждувониро, ки то таги девори Бухоро омада будааст, зада то кӯҳҳои Нурата бурданд. Ин хабар Анварпошоро сахт безобита кард. «Аз афтаҳ, қувваи иловагии русҳо расид! Мо ҳама корро аз даст додем!»- мегуфт. Аз байн чор рӯз гузашту хабарҳои бадтаре, ки касе ба гушаи хаёлаш ҳам намеовард, аз ҷониби худамон омаданд. «Дастаҳои Иброҳим ба деҳаҳо даромада, барои лашкари ислом гуфта, пулу гандуму колои мардумро ба зӯрӣ мегирифтаанд. Ин бедодиҳоро бештар
пешина
аз 613
навбатӣ