Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сухан ба худатон баргашт. Ин кас гуфтанд, ки шумо ҷадидҳо, ба ватан хиёнат кардед.- Мансур ин суханро гуфтаю ҳамон замон аз дағалиаш пушаймон шуд.

Қосимбек ҷабинашро чин кардаю ба аломати тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:
– Дустам, одам махлуқи хом. Суханеро як вақт мегӯеду гумон мекунед, ки айни ҳақиқат аст. Аз байн чанде мегузараду мебинед, ки дигар тараф ҳам ҳақ будааст. Ба ҷавонбухориён ҳаводор будам, ҳоло фикр кунам, бисёр корҳои онҳо ҳам хом будааст...
– Бале, акнун ба ҳақ расидед,- Салоҳиддин ғолибона сар ҷунбонд.
– Шумо ҳам ба ҳақ расед, дар нодониатон по зада намонед. - Қосимбек пештари дастархон ғечид.
– Сухани ҳақ ҳамин, ки бештари домуллоҳои мо ҳам кӯфурӯш буданд.
– Қанд занед, домулло. -Мансур хандид ва хест, ки аспашро хабар гирад.

Дар берун ҳоло ҳам мусофирон равуо доштанд. Дар назди баъзе хаймаҳо оташ забона мезанад. Овози сагҳои деҳае, ки дар паси роҳи калон, дар домани теппаҳост, шунида мешавад. Ҳоло шамол кам шудааст. Абрҳо пора-пора шудаю дар равшании моҳтоб зарду сурх менамоянд ва оҳиста ҷониби шимол ҳаракат доранд. Мансур оҳиста қадам монд ва фикр кард, ки ин одамоне, ки ҳамсӯҳбаташон буд ҳама ҷони одаманд. Акнун тақдир онҳоро ба куҷо мебарад ва чӣ рӯзҳое ба сарашон меорад?.. аз назди хаймае гузашту овози сурудхонии занеро шунид. Овоз паст ва ҳазин садо медод. Мансур таваққуф кард. Байни овоз гиря кардани зан маълум мешуд. «Шояд зан бе мард мондааст.» Мансур як дил кард, ки дари хаймаро бардошта бинад, вале дасташ ба дар нарафт, роҳашро давом дод. Баъде, ки аспашро бо гирда печонда баргашт, мардеро дид, ки дар бари доман чизе дорад сархам бо овози шунаво мунга карда меояд. Ин мард Ҳасани чароғ буд, ки аз соҳил алаф чида ба назди аспаш мебурд.

пешина
аз 613
навбатӣ